Дар ҷашни 102-умин солгарди таъсиси матбуоти тоҷик, ки ҳамасола 11-уми март таҷлил мегардад, раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов журналистон табрику таҳният гуфта, ба онҳо «қалами созанда» орзу кард.

Дар паёми табрикотии раиси ИЖТ таъкид мегардад, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ кори журналист аз рӯи баъзе нишондиҳандаҳо осон ва тибқи баъе талабот мушкил мешавад.

«Рӯйдодҳо дар баъзе кишварҳои араб ва Аврупои Шарқӣ нишон доданд, ки усулҳои журналистикаи ҷаҳон куллан тағйир меёбанд, имрӯз фишангҳои фишори табдили журналистика барои ҳимоя аз манфиатҳои кишварҳо абарқудрат меафзоянд. Дар бисёр кишварҳое, ки аз озодии баёну демократия ҳимоят мекунанд, имрӯз ин усулҳо риоя намешаванд. Кӯшишҳои табдили журналистика ва аслиҳаи ҳимоят аз манфитҳои худ тақвият меёбанд», - баён мегардад дар паёми Сатторов.

Ҳамчунин раиси ИЖТ таъкид мекунад, ки Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамасола як нуқтаи натиҷагирӣ аз фаъолият мебошад.