Анонс

- Бахшида ба таҷлили ҷашни Рӯзи матбуоти тоҷик дар Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ маҷлиси ботантана ва консерт доир мегардад. Оғоз соати 15-00;

- Бозиҳои даври аввали марҳилаи финалии Ҷоми ФФТ баргузор мешаванд: «Хуҷанд – «Истиқлол» (оғоз соати 12-00) ва «Панҷшер» - «Энергетик» (оғоз соати 15-00).  

Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.8099 сомонӣ;

1 евро - 6.5540 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1333 сомонӣ.  

Як рӯзи таърих

1912 — Рӯзи матбуоти тоҷик. 11-уми марти соли 1912 шумораи нахустини рӯзномаи «Бухорои шариф» бо забони тоҷикӣ ба табъ расид.

2008 — Суди олӣ ҳизби «Ҳизб-ут-Таҳрир»-ро ифротгаро эълон намуд.

1897 – Зодрӯзи шоир Мавлоно Холмуҳаммад Ҳасани Кангуртӣ.

1912 – Мавлуди драматург  Ғанӣ Абдулло.

1917 — Зодрӯзи нависанда Лутфӣ Саид.

1954 – Мавлуди ҳунарманди театр Соро Сабзалиева.