Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро журналистонро бо иди касбиашон табрик кард.

Дар паёми табрикотии интишоршудаи вазир дар сомонаи расмии вазорат зикр мегардад, ки матбуоти тоҷик дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ, илмӣ-фарҳангӣ ва маданӣ-варзишӣ нақши назаррас дошта, имрӯз ҳайати эҷодии он дар инъикоси дастовардҳои Истиқлолият, тараннуми арзишҳои олии давлату миллат, таҳкими суботу оромӣ, тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва некуаҳволии сокинони кишвар мавқеи хосса дорад.

«Имрӯз матбуоти тоҷик яке аз пешрафтатарин матбуот на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки собиқ Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба ҳисоб рафта, бо озодандешӣ ва ошкорбаёнӣ дар рафъи камбудиҳои ҷомеа ва пешбурди ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ саҳми арзанда мегузорад», - омадааст дар паём.