Анонс

- Таҳти раҳбарии раиси Шӯрои Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко як ҳайати ин Шӯро ба Тоҷикистон ташриф меорад. Дидору гуфтушуниди Матвиенко бо сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Маҳмадсаид Убайдуллоев дар назар аст.  Раиси Шӯрои Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия ҳамчунин аз Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон низ боздид хоҳад кард;

- Соати 14-00 дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода миёни дастаҳои «Равшан» (Кӯлоб) ва «Сафо» (Лубнон) бозии даври гурӯҳии Ҷоми КФО дар гурӯҳи «А» оғоз мегардад;

- Ҷоми ФФТ. Марҳилаи финалӣ. Даври 2-юм. Душанбе. Майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 12-00 – «Хайр» - «Регар-ТадАЗ».

Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.8105 сомонӣ;

1 евро - 6.5546 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1332 сомонӣ.  

Як рӯзи таърих

2003 – Бо фармони президенти ҶТ дар ҷумҳурӣ давраи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандон муқаррарар гардид.

2004 – 4 нафар аъзои ҳизби аз қайд нагузаштаи «Тараққиёт» ба нишони эътироз зидди мавқуф гузоштани бақайдгирии ҳизб дар Вазорати адлияи ҶТ гуруснанишӣ оғоз карданд.

2012 — Зимни мулоқот бо намояндагони ВАО бахшида ба 100-умин солгарди нашри шумораи нахусти газетаи тоҷикии «Бухорои шариф» президент пешниҳод кард, ки ҷазо барои туҳмат сабуктар карда шавад.

1910 – Зодрӯзи оҳангсоз, Арбоби шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Шариф Бобокалонов.

1938 – Мавлуди олим-муаррих Зоҳирбой Воситов.

1959 – Зодрӯзи Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон.

1960 – Мавлуди адиб, доктори улуми филология Салими Хатлонӣ.

Вазъи обуҳаво

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда.   

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +17+19.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда. 

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +12+14.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда.

 Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +18+20.

Дар шаҳри Кӯлоб — Обуҳавои тағйирёбанда.    

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +16+18.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда.   

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +6+8.