Агентии «Тоҷикстандарт» намояндагони корхонаҳои истеҳсолии Хатлонро бо усулҳои гузаштан ба стандартҳои байналминалӣ меомӯзонад.

Бино ба гуфти сармутахассиси шуъбаи мененҷменти сифати Агентии «Тоҷикстандарт» Ситора Шерова, тибқи супориши директори агентӣ барои кормандони марказҳои «Тоҷикстандарт» дар минтақаҳо ва намояндагони корхонаю ширкатҳои истеҳсолкунанда як  силсила семинарҳои омӯзишӣ гузаронида шуда истодаанд.

«Дар семинари имрӯза дар шаҳри Қӯрғонтеппа 15 нафар мутахассисон бо усулҳои гузариш ба стандартҳои байналминалӣ, аз ҷумла мененҷменти сифат, сифати бехатарии маҳсулот «HACCP» ва сифати «Ҳалол» аз наздик ошно мегарданд. Семинар муддати се рӯз давом хоҳад кард», - иброз дошт ӯ.

Ба гуфти Ситора Шерова, то ба имрӯз 80 корхонаю ширкатҳои истеҳсолӣ соҳиби сертификатҳои байналминали шудаанд ва 25 ширкату корхонаҳои дигар ба агентӣ оид ба гирифтани чунин сертификат дархост пешниҳод намудаанд.

Аскар Соҳибназаров, муовини директори маркази стандартизатсия, метрология ва нозироти савдои Қӯрғонтеппа мегӯяд, 22 корхонаю ширкатҳои Хатлон барои гирифтани сертификатҳои байналминалӣ, аз ҷумла сертификати «Ҳалол» дархост пешниҳод кардаанд.