Овозхони машҳури Ӯзбакистон Шералӣ Ҷӯраев аз таронаи худ зидди нерӯгоҳҳои Роғуну Қамбарота фосила гирифта, писари ӯ ба Радиои Озодӣ гуфтаааст, падараш чунин таронае насурудааст.

Баъд аз он ки таронаи нави овозхони саршиноси Ӯзбакистон Шералӣ Ҷӯраев дар интернет нашр шуд ва расонаҳо гуфтанд, он зидди сохтмони нерӯгоҳҳои Роғуну Қамбарота дар Тоҷикистон ва Қирғизистон нигаронида шудааст, писари овозхон Зоҳиршоҳ Ҷӯраев мегӯяд, падараш "чунин таронае нахондааст, аммо барояш ин пешниҳод аз тарафи як эҷодкор шуда буд."

 Ин дар ҳолест, ки қаблан котиби матбуотии овозхон таҳия шудани чунин таронаеро аз тарафи Шералӣ Ҷӯраев бо номи "Дарёҳо" тасдиқ карда, аммо гуфта буд, ҳарчанд тарона омодааст, овозхон мехоҳад, онро то сатҳи зарурӣ такмил диҳад. Дар ҳоле ки тарона дар торнамои UmmonMP3.com нашр шуд, намояндаи он, ки худро Анвар муаррифӣ кард,ба Бахши ӯзбакии Радиои Озодӣ гуфт, онҳо чунин таронаеро нашр накардаанд.

 Дар ин байн шакли феълии тарона дар бархе аз торнамоҳо дастрас буда, матни онро узви порлумони Ӯзбакистон, шоир Иқбол Мирзо навиштааст. Дар он аз нерӯгоҳҳои Роғун ва Қамбарота ном бурда намешавад, вале омадааст, ки “ҳамсояҳо” ба бастани пеши роҳи обе, ки “Аллоҳ додааст” мехоҳанд, одамон, дарахтон ва гулҳоро аз ҳаққи худододашон маҳрум кунанд.

 Оҳанги дар оғоз маҳзуни тарона дар нуқтаи авҷаш нерӯмандтар мешавад ва маънии мисраъҳо ин аст, ки ҳарчанд нафси “ношукр ҳаргиз пур намешавад ва номард бо ончӣ Худо додааст, сер намегардад”, ҳамон гуна ки намешавад пеши роҳи ҳаво ва боди саборо баст, пеши роҳи обро низ касе баста наметавонад.

 Мутахассисон мегӯянд, ин тарона воқеан бо садои Шералӣ Ҷӯраеви 67-сола аст, аммо шарҳ дода наметавонанд, ки чаро ӯ акнун аз суруди худ фосила мегирад ва намехоҳад, онро дар консертҳояш хонад. Аксари соҳибназарон бар инанд, ки овозхон таронаро барои эҳёи робитаҳояш бо раисиҷумҳури Ӯзбакистон Ислом Каримов эҷод кардааст. Ин дар ҳолест, ки ӯ 20 сол ба ин сӯ наметавонад дар толорҳои калон консерт диҳад ва сурудҳояш аз радио ва телевизиони Ӯзбакистон ронда шудаанд. Гуфта мешавад, маъракаи нодида гирифтани Шералӣ Ҷӯраев ҳанӯз ду даҳсола пеш бо дастури ғайрирасмие “аз боло” роҳандозӣ шудааст.

 Бар пояи чунин таҳлилҳо метавон ҳадс зад, ки шояд овозхон бо ин таронааш ба ҳадафи худ нарасид ва ба ин сабаб акнун аз он фосила мегирад. Аммо сабаби дигар ин буда метавонад, ки хабари таронаи нави ӯ дар расонаҳои электронӣ асосан бо вокунишҳои манфӣ дучор шуд.  Бисёриҳо навиштанд, ки ба овозхони машҳуре чун Шералӣ Ҷӯраев зебанда нест, худро ба хидмати раҳбари мустабид пешкаш кунад. Дар шарҳҳо ҳамчунин омадааст, ки баҳс бо ҳамсоягон аслан баҳси раҳбарон аст, ки бо мурури вақт аз дунё мераванд, вале ҳусни тафоҳум байни миллатҳо бояд боқӣ монад. Бархе аз шореҳон ин таронаро ҳатто “ханҷар задан ба ҳамраъйии мусулмонони Осиёи Марказӣ” номида, аз Ҳоҷӣ Шералӣ Ҷӯраев хостаанд, онро насарояд.

Манбаъ: радиои «Озодӣ».