Раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадов расо пас аз ду моҳ бозори марказии пас аз сӯхтор барқароршудаи «Саховат»-и шаҳри Кӯлобро ба истифода дод.

Зимни суханронӣ дар маросими ба истифода додани бозор раиси вилоят таъкид дошт, ки барои барқарор намудани бозор тавассути кумак аз тамоми Тоҷикистон ҳудуди 3 млн. сомонӣ маблағ масраф гардид. «Шумо, фурӯшандагони бозор, акнун натанҳо бояд ба ин кӯмак миннатдор бошед, балки ҳадди ақал ин дафъа амволи худро дар ин ҷойи «дорои хатари сӯхтор» суғурта кунед», - гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти ахир, бар асари сӯхтори моҳ январи соли ҷорӣ дар ин бозор, 120 фурӯшгоҳҳои «Тоҷикматлубот» ва боз 5 фурӯшгоҳу дӯкони соҳибкорони хусусӣ осеб дидаву дар маҷмӯъ 638 нафар аз ҷойҳои корӣ маҳрум шуда буданд.