Анонс

- Дар Душанбе таҳти унвони «Риояи ҳуқуқи муҳоҷирзанони корӣ ва аъзои оилаи муҳоҷирони корӣ: уҳдадориҳои ҶТ дар доираи Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои поймолкунии ҳуқуқ нисбати занон» мизи гирд доир мегардад. Макони баргузорӣ: хиёб. Рӯдакӣ, 40, ошёнаи 2-юм, толри конфрноси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ. Оғоз соати 09-30;

- Бозиҳои даври дуюми марҳимлаи финалии Ҷоми ФФТ дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. «Энергетик» - «Хуҷанд» (оғоз соати 12-00) ва «Истиқлол» - «Панҷшер» (оғоз соати 15-00);

- Рӯзҳои 13-19-уми март дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба дзюдо дар мусобиқоти Ҷоми Аврупо миёни ҷавонон дар Анталия (Туркия) ширкат меварзад. Ҳайат аз 8 варзишгар ва 4 мураббӣ аз Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ иборат аст;

- Дар маҷлисгоҳи Академияи илмҳои ҶТ маросими ифтитоҳи Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯён барои дарёфти Ҷоми Академияи илмҳои ҶТ баргузор мешавад. Оғоз соати 09-00.

Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.8014 сомонӣ;

1 евро - 6.5565 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.133 1 сомонӣ.  

Як рӯзи таърих

2007 — Ифтитоҳи хатсайри нави ҳавоии Урумчӣ – Хуҷанд – Урумчӣ.

2010 — Дар Душанбе намояндагии Донишкадаи фарҳанги ЭКО боз шуд.

1912 – Зодрӯзи нависанда Разиюлло Абдуллозода.

1930 – Мавлуди дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Ҷумъа Одинаев.

1935 – Зодрӯзи драматург Султон Сафаров.

1937 – Мавлуди журналист Қаландаршо Додарҷонов.

1938 – Зодрӯзи адабиётшинос Ансор Афсаҳов.

1939 – Мавлуди доктори улуми фалсафа Давлатхоҷа Назиров.

1943 – Зодрӯзи коргардони кино, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ Давлат Худоназаров.

1946 – Мавлуди оҳангсоз, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ Толиб Шаҳидӣ.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +17+22, дар доманакӯҳҳо шабона -1-4, рӯзона +10+15.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.      

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +12+17, дар доманакӯҳҳо шабона -4-9, рӯзона +4+9.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда,  бидуни боришот.   

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+5, рӯзона +14+19, дар доманакӯҳҳо шабона -4-9, рӯзона +2+7.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.     

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона 0-3, рӯзона +4+9;  дар шарқи вилоят шабона -15-20, рӯзона -1-4.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +16+18.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +14+16.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

 Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +18+20.

Дар шаҳри Кӯлоб — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +16+18.   

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона -4-6, рӯзона +7+9.