Ман мутаассифам, ки офарандагони суруди «Дарёлар» - Шоири халқии Ӯзбекистон Иқбол Мирзо ва Ҳунарманди халқии Ӯзбекистон Шералӣ Ҷӯраев, ки аз кишварҳои болооб набастани маҷрои дарё ва бунёд накардани сарбандро даъват мекунанд, аз ҳақиқат дар бораи Роғун огаҳ нестанд.

«Онҳо асирони машинаи таблиғотии Тошканд шудаанд, ки қотеъона мухолифи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» аст», - иброз дошт ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, муаллифи матни гимни Тоҷикистон Гулназар Келдӣ.

Ба андешаи шоир, «агар шоиру овозхон медонистанд, ки бидуни интиқоли газу барқ аз кишварҳои дигар, ки Тошканди расмӣ ба он монеъа эҷод месозад, тоҷикон ҳудуди ним сол бебарқу гармӣ мемонанду кӯдакону занон ва пиронсолон азобу азият мекашанд, онҳо чунин тарона намеофариданд».

Шоир таъкид дошт,  дучандон аз он таассуф мехӯрад, ки Шералӣ Ҷӯраев, ки дар Тоҷикистон ҳаводорони хеле зиёд дорад, дар ин ҳолат наандешид, ки ҳунар аз сиёсат дар канор аст.

«Дар ин ҳолат ҳам шоиру ҳам овозхон ҳақиқати оддиеро фаромӯш сохтааанд, ки сухан на баҳри тафриқаандозӣ, балки бояд барои офариниши бузургии инсон, муҳаббат ва бародарӣ хизмат кунад», - таъкид дошт шоири тоҷик.

Дар ҳамин ҳол, Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ, дорандаи Ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ Ҷӯрабек Муродов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки алҳол таронаи «Дарёлар»-ро нашунидааст ва аз ин рӯ, ба он шарҳе дода наметавонад.

«Ман дақиқан медонам, ки Шералӣ Ҷӯраев ба мардуми тоҷик, таърих, адабиёт, фарҳанг ва ҳунари он эҳтироми хосса дорад», - таъкид дошт Муродов.