Шурӯъ аз 1-уми марти соли ҷорӣ дар 20 нуқтаи бақайдгирии Маркази миллии тестӣ (ММТ)-и назди президенти Тоҷикистон дар саросари кишвар марҳалаи сабтиномшавии довталабон оғоз гардида, давоми 14 рӯз аллакай зиёда аз 8 ҳазор нафар довталабон аз қайд гузаштаанд, ки аз ин теъдод 40 дарсадро духтарон ва 60 дарсадро писарон ташкил медиҳанд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ММТ, аз ҷониби довталабон кластерҳои V ва II бештар интихоб шудаанд.

Тибқи маълумоти сомонаи расмии ММТ ( www.ntc.tj ) , ба санаи 12-уми марти соли ҷорӣ дар саросари кишвар 8310 довталабон сабтином шудаанд, ки шумори онҳо дар ВМКБ – 329, шаҳри Душанбе – 434, навоҳии тобеи марказ – 946, вилояти Суғд – 1698 ва вилояти Хатлон – 4903 нафарро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, ихтисосҳо аз рӯи самти таҳсил дар ММТ ба 5 кластер – «Илмҳои техникӣ ва табиӣ», «Иқтисодӣ ва география», «Филология, педагогика ва санъат», «Ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ» ва «Тиббӣ, биологӣ ва варзиш» тақсимбандӣ шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки бақайдгирии довталабон то 15-уми апрел идома меёбад. Ахири моҳи феврал дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон арзиши хизматрасонии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) 150 сомонӣ муайян шуд. Баъдан ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ қарор қабул кард, ки мутобиқи он, довталабоне, ки падару модарашон вафот кардаанд, пурра аз пардохти маблағ озод шуда, довталабоне, ки ё падар ё модарашон вафот кардаанд, танҳо 50% аз маблағи муқарраршударо мепардозанд.