Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Тоҷикистон дар бораи обуҳавои ноустувор рӯзҳои 15-17-уми март хабар медиҳад.

Обуҳавошиносон ҳушдор медиҳанд, ки муддати ду рӯз дар водиҳо борон борида, дар доманакӯҳҳо ҳамчунин боридани барф дар назар аст. «Баъзан боришоти шадид дар назар буда, рӯзона ҳарорат то 8-10 дараҷа поин меравад», - иттилоъ медиҳад манбаъ.

Гуфта мешавад, дар рӯдхонаҳои Яхсу, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва Оби Хингов болоравии сатҳи об дар назар аст. «Дар нишебиҳои қаторкӯҳи Ҳисор (Варзоб – Анзоб) хатари тармафароӣ ба вуҷуд меояд», - гуфта мешавад дар сомонаи расмии муассиса.