Анонс

- Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Минск маҷмӯи васеи ҳамкориҳои мутақобилаи кишварҳои узви Иттиҳод дар бахши иқтисод баррасӣ мешаванд;

- Дар Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ дар мавзӯи «Ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноӣ ҳамчун яке аз ҷанбьаҳои муҳими ҳифзи ҳуқуқи инсон» конфронси илмиву амалӣ доир мегардад. Оғоз соати 08-00;

- Дар Душанбе намоишгоҳи навбатии хайрияи аксҳо бахшида ба ҷамъоварии маблағ барои Зайнаб Маҳмудова баргузор мешавад. Оғоз соати 11-00 дар Китобхонаи миллӣ. Нархи билет – 10 сомонӣ.

Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.8005 сомонӣ;

1 евро - 6.5756 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.133 0 сомонӣ.  

Як рӯзи таърих

1942 — Навбати аввали комбинати бофандагии Душанбе ба истифода дода шуд.

1955 – Боғи ботаникии Ленинобод ба фаъолият оғоз кард.

1994 – Анҷумани якуми Иттифоқи ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

2001 – Бо фармони Президент Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

2013 — Мақомоти марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи ҳимояи қитъаҳои бештар мушкили марз протоколи муштарак ба имзо расониданд.

1911 – Зодрӯзи шоир Абдусалом Деҳотӣ.

1933  – Мавлуди Арбоби шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Лилиан Налоева.

1948   – Зодрӯзи доктори улуми физика ва математика, профессор, арбоби давлатӣ, президенти АИ ҶТ Мамадшо Илолов.

1957 –Мавлуди Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Ортиқи Қодир.

1961 – Зодрӯзи адабиётшинос Музаффари Муҳаммадӣ.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад (баъзан шадид), раъду барқ.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +11+16, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +5+10.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, дар куҳҳо борону барф, баъзан раъду барқ.      

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +6+11, рӯзона +8+13, дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +2+7.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда,  борони кӯтоҳмуддат, дар куҳҳо борону барф, баъзан раъду барқ.      

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +9+14, дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +2+7.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад (дар баландии зиёда аз 2000 метр борону барф).     

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона 0-5, рӯзона +4+9;  дар шарқи вилоят шабона -12-17, рӯзона 0-5.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад (баъзан борони шадид), раъду барқ.   

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +12+14.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад. 

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +10+12.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад, раъду барқ.

 Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +13+15.

Дар шаҳри Кӯлоб — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад, раъду барқ.   

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +12+14.   

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борону барф меборад.   

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +5+7.