Дар остонаи фарорасии Наврӯз, рӯзи 19-уми март маросими ифтитоҳи бинои нави мактаби №8-и пойтахт доир мегардад, ки моҳи октябри соли 2012 кӯчонида шуда буд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Раёсати маорфи шаҳри Душанбе хабар дод, дар маросими ифтитоҳи бинои нави мактаб иштироки президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва вазири маориф ва илми ҶТ Нуриддин Саидов дар назар аст.

«Пас аз таҷлили ҷашни Наврӯз машғулиятҳо дар мактаб оғоз мегарданд. Бинои нави мактаб барои  таҳсили 1 ҳазору 354 толибилмон дар як баст пешбинӣ шуда, шумори умумии хонандагони мактаб 1 ҳазору 652 нафарро ташкил медиҳад. Ҳамаи толибилмону омӯзгороне, ки замони дубора сохтани бино дар мактабҳои дигар таҳсилу кор мекарданд, ба мактаби нав баргардонида мешаванд», - гуфтанд дар Раёсати маорифи шаҳр.

Зимнан зикр гардид, ки аз нигоҳи муҷаҳҳаз будан бо асбобу лавозимот ва тарҳи бино имрӯз ин бинои мактаб ягона дар пойтахт аст. «Корҳои сохтмони бинои нави мактаб аз ҷониби ҶДММ «Тоҷсохтмон Байналмилал» бо фармоиши Раёсати сохтмони асосии шаҳрдории Душанбе анҷом дода шуд», - афзуд манбаъ.