Анонс

- 15 март дар маркази Вефа консерти гурӯҳи фанки ИМА «Blended 328»  доир мегардад. Оғоз соати 16-00. Воридшавӣ озодона аст;

- 15-19-уми март дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба дзюдо дар мусобиқоти Ҷоми Аврупо миёни ҷавонон дар Анталия (Туркия) ширкат меварзад. Ба ҳайати даста 8 варзишгар ва 4 мураббӣ аз шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ шомиланд;

- 15 март дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ вохӯриҳои даври 3-юми марҳилаи финалии Ҷоми ФФТ дар гурӯҳи «А» баргузор мешаванд: «Хуҷанд» - «Панҷшер» (оғоз соати 12-00) ва «Энергетик» - «Истиқлол» (оғоз соати 15-00);

- 17 март дар «Кохи Ваҳдат»-и пойтахт дар мавзӯи «Сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистон: рушд ва мушкилот» конфронси илмиву амалии ҷумҳуриявӣ доир мегардад. Оғоз соати 09-00;

- 17 март дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ вохӯриҳои нимфиналии Ҷоми ФФТ  баргузор мешаванд. Оғози бозиҳо соати 12-00 ва 15-00;

- 17 март дар доираи кори иҷлосияи 57-уми Комиссия оид ба воситахои нашъаовар Тоҷикистон гузориши вазъи маводи мухаддир дар кишварро дар қароргоҳи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Вена муаррифӣ мекунад.

Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.8001 сомонӣ;

1 евро - 6.6012 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1330 сомонӣ.  

Як рӯзи таърих

15 Март

Рӯзи умумиҷаҳонии ҳуқуқи истеъмолгарон.

1925 – Таъсиси газетаи «Иди тоҷик» (феълан «Ҷумҳурият»).

2001 – Сертификатҳои нахустини депозитии Бонки миллии Тоҷикистон ба маблағи 3 млн. сомонӣ нашр шуд.

1937 – Зодрӯзи Нависандаи халқии Тоҷикистон Урун Кӯҳзод.

1938 – Мавлуди академик Талбак Назаров, собиқ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.

1947 – Зодрӯзи муассиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Саид Абдулло Нурӣ.

1947 – Мавлуди Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Исо Абдурашидов.

1951 – Зодрӯзи нависанда Убайдуллоҳи Ширин.

1953 – Мавлуди журналист (сардабири рӯзномаи парламентии «Садои мардум») Бобоҷон Абдулвоҳидов.

1959 – Зодрӯзи ректори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов.

1959 – Мавлуди доктори илмҳои техникӣ Маҳмадшариф Ҳақдодов.

1965 – Зодрӯзи раиси Шӯрои нозирони ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» Тоҷиддин Пиров.

16 Март

1867 — Фаронавӣ Жозеф Монйе барои ихтирои бетон патент гирифт.

1995 — Дар иёлати Миссисипи тағйироти 13 ба Конститутсияи ИМА тасдиқ шуда, ғуломдорӣ расман манъ шуд.

1943 – Зодрӯзи дирижёр, Арбоби шоистаи ҳунари Тоҷикистон Давлат Қурбон.

1954 – Мавлуди Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб.

1975 – Зодрӯзи журналист Умеди Муҳаммадпаноҳ.

Вазъи обуҳаво

15-уми март

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад, баъзан раъду барқ.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9, рӯзона +10+15, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +5+10.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, дар куҳҳо борону барф, баъзан раъду барқ.      

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +8+13, дар доманакӯҳҳо шабона -2+3, рӯзона +1+6.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда,  борони кӯтоҳмуддат, дар куҳҳо борону барф, баъзан раъду барқ.      

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +9+14, дар доманакӯҳҳо шабона -2+3, рӯзона +2+7.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад (дар баландии зиёда аз 2000 метр борону барф).     

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -3+2, рӯзона +3+8;  дар шарқи вилоят шабона -8-13, рӯзона -3+2.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад, раъду барқ.   

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +12+14.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад. 

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +10+12.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад, раъду барқ.

 Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +13+15.

Дар шаҳри Кӯлоб — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад, раъду барқ.     

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +12+14.   

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борону барф меборад.   

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +5+7.

16-уми март

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад, (дар баландии 2200 метр борону барф), раъду барқ.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9, рӯзона +11+16, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +6+11.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, дар куҳҳо борону барф, баъзан раъду барқ.      

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +8+13, дар доманакӯҳҳо шабона -3+2, рӯзона 0+5.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда,  борони кӯтоҳмуддат, дар куҳҳо борону барф, раъду барқ.      

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +9+14, дар доманакӯҳҳо шабона -3+2, рӯзона +1+6.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, борону барф меборад.     

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -3+2, рӯзона +3+8;  дар шарқи вилоят шабона -8-13, рӯзона -4+1.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.   

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +15+17.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад. 

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +14+16.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

 Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +17+19.

Дар шаҳри Кӯлоб — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.     

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +16+18.   

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, боришоти начандон зиёд.   

Ҳарорат: шабона -3-5, рӯзона +4+6.