Моҳи апрел дар мавсими корҳои саҳроӣ ҶДММ «Профсервис»-и вилояти Новосибирски Русия беш аз 15 нафар шаҳрвандони тоҷикро ба кор даъват мекунад.

Тавре котиби матбуотии намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод, ба ҷуз таъмин бо манзили зист ва ғизо, корхона барои расмиёти ҳуҷҷатҳои зарурӣ ҷиҳати фаъолияти қонунии шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Русия низ муосидат мекунад.

«Дар ин бора  директори корхонаи мазкур Андрей Устименко зимни мулоқот бо корманди ба Ҳавзаи федералии Сибир сафарбаршудаи намояндагӣ изҳори назар кард. Дархости расмӣ бо хоҳиши бо ҷойи кор таъмин намудан бо зикри шароитҳои кор ва талабот ба кормандон ба намояндагӣ расид», - таъкид дошт Аҳмадов.