Дар пойтахти Тоҷикистон иди Наврӯз муддати 5 рӯз пуршукӯҳ таҷлил мегардад.

Истиқболу таҷлили бошукуҳи Иди Наврӯзи байналмилалӣ  дар шаҳри Душанбе 21 марти соли 2014 аз мушакпарронии идона дар Боғи «Ғалаба» ва ҳаракати корвонҳои шодӣ аз боғи мазкур (ноҳияи Шоҳмансур), пояи муҷассамаи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (ноҳияи Исмоили Сомонӣ), пояи муҷассамаи Абулқосим Фирдавсӣ (ноҳияи Фирдавсӣ) ва пояи муҷассамаи Абуалӣ ибни Сино (ноҳияи Сино) бо баҳамомадан дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ва воридшавӣ ба Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» оғоз мегардад.

Дар «Наврӯзгоҳ» барои сокинону меҳмонони пойтахт намоиши театрикунонида пешкаш крада мешавад, ки режиссер-таҳиягари он Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Убайдулло Раҷабов мебошад.

Ду рӯзи минбаъда дар боғҳои фарҳангу фароғатӣ дар сатҳи маҳаллаву ноҳияҳои пойтахт чорабиниҳои идона ва сайругашти оммавӣ баргузор карда мешаванд. Рӯзҳои 24-25-уми март дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт мусобиқот оид ба гӯштини миллӣ ва пойгаи аспдавонӣ доир карда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки имсол таҷлили ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон 6 рӯз – аз 21 то 26-уми март идома ёфта, ҳамаи ин рӯзҳои истироҳат мебошанд.