Дар остонаи таҷлили ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Ховалинг ду маркази солимӣ кушода шуд, ки метавонанд дар як рӯз 100 нафарро қабул ва муоина кунанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҳукумати ноҳияи мазкур хабар доданд, марказҳо дар ҷамоатҳои сераҳолии Ҷонбахт ва Сариосиёб, ки солҳои тӯлонӣ ба хизматгузории тиббӣ ниёзманд буданд,  мавриди истифода қарор гирифтанд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин имрӯз дар ҷамоати Сариосиёб китобхона ифтитоҳ гардида, он бо якчанд ҳазор нусха адабиёти соҳаҳои гуногун таъмин аст.

«Пагоҳ, рӯзи таҷлили ҷашни Наврӯз дар сатҳи ноҳия то даҳ иншооти таъиноти гуногун низ мавриди баҳрбардорӣ қарор мегиранд», - афзуд сарчашмаи хабар.