Ба иттилои шоҳидон, кормандони милисаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нисбати ҳафт сокини ноҳияи Рӯшон аз қуввваи ҷисмонӣ истифода бурда, яке аз онҳо бо ҷароҳатҳои вазнини сутунмӯҳра дар бемористон бистарӣ шудааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» яке аз шоҳидони воқеъа хабар дод, санаи 18-уми март кормандони милиса таҳти роҳбарии сардори раёсат Файзулло Нозимов савори се автомашина каме дуртар аз маркази ноҳия автомашинаи сокинони маҳаллиро боздошт намудааанд. Дар автомашина чор сокини ноҳияи Рӯшон – Худоёр Сардорови 24-сола ва бародарон Темуровҳо – Алиҷон, Шералӣ ва Алим қарор доштаанд.

«Кормандони милиса онҳоро гунаҳкор кардаанд, ки ба гузаштани мошини онҳо монеъа эҷод кардаанд ва онҳоро мавриди таҳқиру лату кӯб қарор додаанд. Ба автомашинаи сокинон аз автомати «Калашников»-и кормандони милиса тир холӣ шуд», - ҳикоя кард манбаъ.

Ба қавли шоҳидон, Х.Сардоровро пас аз лату кӯби тӯлонӣ ба дарё партофтаанд, вале хушбахтона, бинобар сабаби камобии дарё дар ин мавсим ӯро, ки беҳуш будааст об бо худ набурдааст. Хешону наздикони аз деҳаи Вамар ҳозиршуда Худоёрро аввал ба  беморхонаи ноҳия ва сипас ба беморхонаи вилоят бурдаанд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 19-уми март дар назди бинои ҳукумати ноҳияи Рӯшон ҳудуди 400 нафар сокинони маҳаллӣ гирдиҳам омада, муҷозоти сардори Раёсати ВКД ВМКБ ва кормандони милисаи ҳамроҳи ӯро талаб кардаанд.

Дар натиҷаи вохӯрӣ бо намояндагони ҳукумати вилоят тасмим гирифта шудааст, ки бо ариза ба прокуратура муроҷиат карда шавад. Дар ариза бобати истифодаи ғайриқонунии аслиҳа, суистеъмол аз мансаб ва риоя накардани фармони президент дар бораи манъи бо аслиҳа дар маҳаллаҳои аҳолинишин гаштугузор кардан сухан меравад.

Ба сокинони ноҳия боз кардани парвандаи ҷиноӣ нисбати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ваъда кардаанд, аммо онҳо дар ташвишанд, ки боз ҷабрдидагон дар курсии айбдорӣ қарор хоҳанд гирифт, зеро чандин маротиба дар ҳодисаҳои ба ин монанд бо иштироки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маҳз ҳамин ҳолат ба амал омада буд.