Анонс

- 22 март дар «Боғи Ирам», майдони 800-солагии Маскав, Кӯли ҷавонон, Боғи фарҳангу фароғати Дӯстии халқҳои пойтахт сайругаштҳои оммавӣ ва консертҳо барпо мешаванд;

- 22 март дар Лужники, толори консертии давлатии «Росиия» ба муносибати ҷашни байнулмилалии Наврӯз чорабиниҳои идона доир мегарданд, ки аз ҷониби ҳукумати Маскав маблағгузорӣ мешаванд;

- 23 март соати 10-00 Наврӯзро дар сатҳи микрорайонҳои Душанбе ҷашн мегиранд;

- 23 март ҷашни Наврӯзро дар Вашингтон бо иштироки сарояндаи эстрадаи тоҷик Ҷонибек Муродов таҷлил мекунанд;

Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.8004 сомонӣ;

1 евро - 6.6085 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.133 5 сомонӣ.  

Як рӯзи таърих

22 Март

Рӯзи об

1934 – Шумораи нахустини газетаи «Рабочий Ходжента» (феълан «Ленинабадская правда») чоп шуд.

1935 — Форс расман Эрон ном гирифт.

1989 — Озмуни ҷумҳуриявии зебоии «Маликаи Наврӯз» баргузор шуд.

2002 – Раиси Кумитаи ҳифзи сулҳ ва Ассотсиатсияи умумирусиягии ҳамкории байнулмилалӣ Валентина Терешкова ба президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмонов барои саҳми арзанда дар рушди ҳамкориҳо бо Русия Ҷоизаи байнулмилалии ба номи Пётри Бузургро тақдим кард.

2008 — Собиқ вазири алоқаи Тоҷикистон Саид Зувайдов дар синни 45-солагӣ аз олам даргузашт.

1900 — Зодрӯзи нависанда ва тарҷумон Ҳасан Ирфон.

1904 — Мавлуди адиб Муҳиддин Аминзода.

1911 — Зодрӯзи дорандаи ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Шаҳобов.

1915 — Мавлуди доктори улуми филологӣ Додоҷон Тоҷиев.

1926 — Зодрӯзи ходими давлатӣ Бобохӯҷа Мансуров.

1927 — Мавлуди Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдумалик Баҳорӣ.

1959 — Мавлуди балетмейстер, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Файзулло Каримов.

23 Март

Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории сил.

Рӯзи байнулмилалии метереология.

2006 — Дар ағбаи Анзоб нақби автомобилгарди «Истиқлол» ба истифода дода шуд.

2010 — Бори нахуст Тоҷикистон дар СММ аз мушкилоти муносибатҳояш бо Ӯзбекистон изҳори назар кард.

1934 — Зодрӯзи доктои улуми кимиё, профессор Ҳамид Яқубов.