Анонс

- 19 апрел дар шаҳри Душанбе ҷашни Рӯзи пойтахтро таҷлил мекунанд, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел ҷашн гирифта мешавад. Чорабинии асосии ҷашнӣ нимамарафони байнулмилалӣ аст;

19 апрел соати 10-30 дар «Душанбе-Плаза» бо иштироки раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев маросими тақдими ҷоизаву мукофотҳо ба ғолибони озмунҳои гуногуни шаҳрӣ доир мегардад;

- 20 апрел православиҳои Тоҷикистон иди Фасҳ (Писҳо, Пасха)-и муқаддасро ҷашн мегиранд;

- 20 апрел дар театри «Падида» (чойхонаи «Роҳат») дар Душанбе иди «HOLI» баргузор мешавад. Созмондиҳандагон - Bactria Cultural Centre ва OO Alegria. Дар барнома рақсу мусиқии ҳиндӣ, таъомҳои ҳиндӣ ва фестивали рангҳо;

- 21 апрел дар Маркази илму фарҳанги Русия дар шаҳри Душанбе соати 09-00 маросими ифтитоҳи семинарии ҳамасола оид ба такмили ихтисоси омӯзгорони забони русӣ дар хориҷа барпо мешавад. Суроға: ш. Душанбе, кӯч. Мирзо Турсунзода, хонаи 28.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.8241 сомонӣ;

1 евро - 6.6702 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.134 5 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

19 Апрел

1935 – Дар ИҶШС ҷамъияти ихтиёрии варзишии «Спартак» таъсис ёфт.

1970 – Дар ИҶШС автомобили нахустини навъи ВАЗ-2101 «Жигули» истеҳсол карда шуд.

2008 — Дар Душанбе фестивали байнулмилалии косибони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Эрон ба кор шурӯъ кард.

1904 – Зодрӯзи Ҳунарманди халқии ИҶШС Ғуломҳайдар Ғуломалиев.

1908 – Мавлуди доктори улуми биология, профессор Ориф Шукуров, ректори Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон (солҳои 1953-1957), Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон (солҳои 1944-1953; 1961-1969).

1950 – Зодрӯзи Ҳофизи халқии Тоҷикистон Дӯстмурод Алиев.

1962 – Мавлуди доктори улуми техникӣ Зайналобиддин Кобулиев.

20 Апрел

1949 – Конгресси I-уми умумиҷаҳонии тарафдорони сулҳ ба кор шуруъ кард.

1923 – Зодрӯзи Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, актёр Иқбол Табаров.

1931 – Мавлуди доктори улуми таърих, профессор Ҳақназар Назаров.

1933 – Зодрӯзи адабиётшинос Соат Чалишев.

1934 – Мавлуди драматург Абдусалом Атобоев.

1935 – Зодрӯзи шоир Мастон Шералӣ.

1938 – Мавлуди коргардон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ Хушназар Майбалиев.

1939 – Мавлуди нависанда Ҷамолиддин Тошматов.

1946 – Зодрӯзи фарҳангшинос Лариса Назарова.

1956 – Мавлуди журналист Давлатбев Ҷалолов.

1959 – Зодрӯзи овозхон Абдумаҷид Бердиев.

1960 – Мавлуди Муродалӣ Алимардон, муовини нахуствазири Тоҷикистон.

Вазъи обу ҳ аво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +21+26, дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +13+18.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.      

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +19+24, дар доманакӯҳҳо шабона -2+3, рӯзона +10+15.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.       

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9, рӯзона +19+24, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +11+16.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.     

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +1+6, рӯзона +11+16;  дар шарқи вилоят шабона -7-12, рӯзона +2+7.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +22+24.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +21+23.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +23+25.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +13+15.