Се нафар зодагони Тоҷикистон Покиза Қурбонасенова, Аҷам Чақобоев ва Абдулмамад Бекмамадов, муалифон ва иҷрокунандагони спектакли «Акин-опера», ки дар «Театре. DOS»-и Маскав ба саҳна гузошта шуд, ба ҷоизаи театрии «Золотая маска» (Ниқоби тиллоӣ)-и Русия соҳиб шуданд.

Бино ба иттилои Tjk.rus4all.ru , маросими пуршукӯҳи ҷашнии 20-уми Ҷоизаи миллии театрӣ рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи гузашта дар толори Театри калони Маскав доир гардида, дар 34 номинатсия беш аз 170 нафар номинантҳо доваталабӣ доштанд.

Зимни тақдими ҷоиза ҳамроҳ бо Абдулмамад Бекмамадов муаллифи лоиҳа Всеволод Лисовкий низ ба саҳна баромада, хушнудии худро аз ҳозир шудани Бекмамадов ба ин маросим изҳор доштааст. «Аз се нафари даста танҳо ӯ ба маросим ҳозир шуда, боз дар ҷустуҷӯи кор аст, вале дар лоиҳаҳои мо низ иштирок хоҳад кард. Зимни гирифтани ҷоиза ӯ ба аҳли толор гуфтааст, ки агар дар Театри калон ягон кори таъмир бошад, моро даъват кунед, арзон корро иҷро мекунем», - гуфтааст Лисовкий ба интернет портали «Россия для всех».

Ба қавли Лисовкий, «Театр.DOC» ояндаи наздик дар мавзӯи муҳоҷират боз як спектаклро ба саҳна гузоштанист ва ин се муҳоҷири тоҷик низ ба он ҷалб карда мешаванд. «Мутаассифона, ду нафарашон (Покиза ва Аҷам) ба маросими ҷоизасупорӣ ба иллати ба кор машғул буданашон ҳозир шуда натавонистаанд», - иброз доштааст ӯ.

Нахустнамоиши спектакли «Акин-опера» 16-уми сентябри соли 2012 дар «Театр. DOC»-и шаҳри Маскав баргузор шуд. Дар он се нафар муҳоҷирони тоҷик аз ВМКБ бо асбобҳои мусиқии миллӣ – тор, рубоб ва дойра ҳунарнамоӣ карда, дар бораи ҳаёти худ – сафар ба Русия, мушкилоти корёбӣ, ҳодисаҳои қаллобӣ ва муносибат бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо забони русӣ ҳикоят мекунанд. Дар панҷ танаффуси байни эпизодҳо онҳо бо забони тоҷикиву шуғнонӣ сурудҳои мардумӣ месароянд.