Мақомоти шаҳрдории пойтахт аз озмуни «Соҳибкори беҳтарини  шаҳри Душанбе дар соли 2013» натиҷагирӣ кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Оҷонсии хабарии Азия плюс» дар номинатсияи «Технологияҳои ииттилоотӣ ғолиб дониста шуд.

Ба иттилои манбаъ, дар номинатсияҳои «Истеҳсоли молҳои истеъмолии халқ» - ҶСП Комбинати шири Душанбе»; «Меъморӣ ва дизайн» - ҶДММ «Проект Инвест»; «Савдо» - ҶДММ «Газпромнефть – Таджикистан»; «Хизматрасонӣ дар соҳаи фарҳанг, варзиш ва туризм» - ҶДММ «Тоҷик - интурсервис»; «Хизматрасонии тиббӣ» - ҶДММ «Жасмин»; «Истеҳсоли маҳсулоти истифодаи саноат» - ҶДММ «ИИ Насоҷии Тоҷик»; «Истеҳсоли доруворӣ, маҳсулот ва таҷҳизоти тиббӣ» - ҶДММ «Тиб барои Шумо;  «Хоҷагидории шаҳрӣ, хизматрасонии манзилию-коммуналӣ ва экология» - ҶДММ «Фавз»; «Сохтмон, тармим ва таъмир» - ҶДММ «Саманд 2010»; «Косибӣ ва ҳунарҳои халқӣ» - ҶДММ «Рухом»; «Истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук» - ҶДММ «Сомон-таъминот»; «Хӯроки умум» - ҶС «Роҳат»; «Технологияҳои телекоммуникатсионӣ» - ҶСП «ТТ Мобайл»; «Хизмати маишӣ» - ҶСК «Континент Инвест»; «Фаъолияти нашриётӣ, хизматрасонии полиграфӣ, дизайн ва реклама» - нашриёти «Шарқи озод»; «Истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва конструксияҳо» - ҶДММ «Собирова З.Г.» ва «Хизматрасонӣ барои рушди соҳибкорӣ: таълим, маркетинг, аудит, консалтинг, пешбарии муҳосибот ва кумаки ҳуқуқӣ» - ҶДММ «Грант Торнтон эхсо» ба ғолибият сазовор дониста шуданд.

Зимнан зикр гардид, ки ба ҳамаи ғолибони озмун диплом, нишонаҳои фахрӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.