Мақомоти шаҳрдории Душанбе аз озмуни моҳи феврали соли гузашта эълоншуда оид ба муайян кардани «Беҳтарин нозири минтақавии сол» натиҷагирӣ кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, бо қарори комисссияи махсус Муродмад Калонов, подполковники милитсия, сардори минтақаи маъмурии милитсияи №26 шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии шуъбаи ВКД-2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе беҳтарин нозири минтақавии милитсияи пойтахт дониста шуд.

«Ба зинаҳои дуюму сеюми озмун Ҳоким Маҳмудов, майори милитсия, сарнозири минтақаи маъмурии милитсияи №7 шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии шуъбаи ВКД дар ноҳияи  Шоҳмансур ва Саидмуҳаммад Акобиров, лейтенанти калони милитсия, сарнозири минтақаи маъмурии милитсияи №15 шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии шуъбаи ВКД дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе сазовор дониста шуданд», - иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти шаҳрдорӣ.

Ба иттилои манбаъ, ғолибони озмун мутаносибан бо мукофотпулиҳо дар ҳаҷми 15 ҳазор, 12 ҳазор ва 10 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда мешаванд.