Анонс

- Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон паёми ҳамасолаи худ ба ҳарду палатаи парлумонро ироа мекунад. Пахши мустақими ироаи паёми президент тариқи тамоми шабакаҳои давлатии радиову телевизион саоти 10:00 оғоз мегардад;

- Дар бозии охирини даври гурӯҳии Ҷоми КФО оид ба футбол дастаи «Равшан»-и Кӯлоб дар сафар бо дастаи «Сафо»-и Лубнон қувваозмоӣ мекунад;

- Дастаи Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини юнонӣ-румӣ, озод ва занона, ки дар Қазоқистон оғоз мегардад, ширкат меварзад.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.8216 сомонӣ;

1 евро - 6.6917 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.13 57 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

1958 – Ифтитоҳи Анҷумани аввалини рассомони Тоҷикистон.

2010 — Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бори сеюм пайи ҳам раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон интихоб шуд.

1913 – Зодрӯзи Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, директори совхоз-техникуми ба номи Куйбишеви ноҳияи Қӯрғонтеппа (феълан хоҷагии ба номи Файзалӣ Саидови ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон) Юрий Дмитриевич Воронин.

1951 – Мавлуди доктори улуми педагогӣ Маҳмудҷон Боқиев.

1955 – Зодрӯзи Корманди шоистаи Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизов.

1955 – Зодрӯзи Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, актёри театр Толибҷон Бобоев.

1959 – Мавлуди Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, актёри театр Маҳмадалӣ Аюбов.

1961 – Зодрӯзи Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, актёри театр Қурбоналӣ Абдуллоев.

Вазъи обу ҳ аво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16, рӯзона +25+30, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +17+22.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.      

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +24+29, дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +11+16.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.       

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +22+27, дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +17+22.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат (дар баландии зиёда аз 2000 метр барф).     

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +4+9, рӯзона +15+20;  дар шарқи вилоят шабона -6-11, рӯзона +2+7.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +26+28.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +23+25.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +26+28.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат.   

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +17+19.