Дар олимпиадаи байнулмилалии олимон ва ихтироъкорони наврас, ки аз 2 то 6-уми май дар шахри Тифлис (Гурҷистон) доир гардид, толибилмони мактабҳои Тоҷикистон 12 медал ба даст оварданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати маориф ва илми ҶТ хабар доданд, дар ҷараёни олимпиадаи «International Young Inventors Project Olympiad (IYIPO 2014)» наврасон аз 30 кишвари ҷаҳон ширкат варзида, наврасони қобилиятнок аз фанҳои информатикаву физика, химияву биология, экология ва муҳандисӣ, технологияҳои нави компютерӣ ва ихтироъҳои нав муайян карда шуданд.

Ба иттилои манбаъ, Тоҷикистонро 10 нафар толибилмон аз литсейҳои тоҷикиву туркии шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода ва Хуҷанд намояндагӣ кардаанд.

«Аз рӯи натиҷаҳои олимпиада толибилмони тоҷик ба 6 медали биринҷӣ (хонандагони литсейи шаҳри Турсунзода - Шаҳбози Шукурзода, Ҷаҳонгир Алишеров, Мавлон Асоев, Насриддин Муҳаммадҷон ва ҳамчунин хонадагони литсейи шаҳри Душанбе – Сорбон Халилов ва Нерӯ Самадов), чор медали нуқра (хонандагони литсейи шаҳри Турсунзода – Умар Каримов, Умарҷон Ҷӯраев, Хайриддини Ҷаббор ва Аъзамҷон Ҳакимов) ва ду медали тилло (хонандагони литсейи шаҳри Хуҷанд – Фирдавс Раҳимов ва Суҳроб Ҳасанов) шарафёб гардиданд», - гуфт манбаъ.