Пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи 70 соли охир наздик ба 30% ҳаҷми худро кам кардаанд. Дар ин муддат қариб 1000 пиряхи хурд дар Тоҷикистон об шудааст. Тибқи омор, дар кӯҳсорони Тоҷикистон 14 ҳазор пирях ба қайд гирифта шудааст, аммо имрӯз касе дақиқ гуфта наметавонад, ки ин шумор ба чанд расидааст.

Обшавии Хирсон – хатари имрӯзу фардо

Пиряхи Хирсон, воқеъ дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон яке аз садҳо пирях дар Тоҷикистон аст, ки ба он хатари нобудшавӣ бар асари гармоиши ҳаво ва тағйирёбии иқлим таҳдид мекунад.


Соли 2002 дар пайи кандашавии ин кашолаях талафоти ҷонӣ низ ба қайд гирифта шуда буд. Аммо ҳодисаи мушобеҳи соли 2011 талафоти ҷонӣ дар пай надошт. Маҳз ҳамин пирях минтақаи «Даштак»-и ноҳияи Ванҷи ВМКБ-ро осебпазир кардааст. Ҳавошинос Ҷамила Байдуллоева ҳароратро дар ин мавзеъ мунтазам мушоҳида карда, гармии имсоларо бо солҳ ои қаблӣ дар муқоиса мегузорад. Ӯ мегӯяд, хатари ҳаракати пиряхи Хирсон дар ноҳияи Ванҷ ҳамасола вуҷуд дорад. Аз ҷумла, гармии тобистони имсола низ эҳтимоли хамидани такрориро дар рӯ ба рӯйи ин кашолаях гузошт. Дар ҳоле ки ҳадди баландтарини ҳарорат дар мавзеи ҷойгиршавии пирях то ба 30 дараҷа аст, ҳароратсанҷ болотар аз ин ададро нишон додааст.

Хонум Байдуллоева меафзояд: «Асосан дар минтақа ҳарорат бояд то 30 дараҷа қарор гирад. Агар ҳарорати ҳаво то 35-36 дараҷа расад, пас ин гуна ҳолат бояд танҳо 1-2 рӯз идома ёфта, боз гармии ҳаво поин равад. Агар ин гуна ҳарорати баланд зиёда аз 5 рӯз ба мушоҳида расад, хатари ҳаракати пиряхи Хирсон ба вуҷуд меояд».

Бо таваҷҷуҳ ба хатари мавҷуд, соли аввал нест, ки ин мавзеъ аз ҷониби мутахассисон зери мушоҳидаи доимӣ қарор гирифтааст. Натиҷаи мушоҳидаи экспедитсионие, ки соли 2011 дар мавзеи ҷойгиршавии ин пирях гузаронида шудааст, нишон медиҳад, ки ҳарорат дар маҳалли ҷойгиршавии кашолаяхи Хирсон мунтазам тағйир меёбад. Зеро дар як вақту соати мушоҳидаи дурӯза ҳам 18 дараҷаи гармии ҳаво ба қайд гирифта шудаасту ҳам 34. Маҳз ҳамин гуна баландии ҳарорат вазъи ин пиряхро ноустувор кардааст.

Тоҷикистон: Камтарин ихроҷи газ, беш аз ҳама хисорот


Мутахассисон мегӯянд, ин гуна пиряхҳое, ки эҳтимоли хамиданро дар гармии ҳаво пайдо мекунанд, дар Тоҷикистон ду адад ба қайд гирифта шудааст. Яке дар қаторкӯҳҳои Бадахшону дигаре дар водии Рашт. Вале аз меъёри муқаррарӣ баланд шудани ҳарорати ҳаво ба пиряхҳои на танҳо Тоҷикистон, балки дигар кишварҳо низ зарбаи ноаён зада истодааст. Аз гармшавии иқлими сайёра Тоҷикистон, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ камтарин партовҳои экологӣ ва газҳои зарароварро ба фазо хориҷ мекунад, бештар аз кишварҳое азият мекашад, ки аз ҷиҳати ихроҷи газҳои гулхонаӣ ба фазо ҷойи аввалро ишғол кардаанд.

Иқлимшиноси тоҷик Абдулҳамид Қаюмов обшавии босуръати пиряхҳои Тоҷикистонро натиҷаи гармшавии ҳаво дар тамоми сайёра медонад. Ӯ мегӯяд: «Агарчи Тоҷикистон аз ҷиҳати ихроҷи газҳои гулхонаӣ ба фазо ҷойи 150-умро ишғол мекунад, аммо пиряхҳои кишвар хеле босуръат об мешаванд ва раванди косташавии онҳо бо пиряхҳои Анд, Арктика ва Антарктика баробар аст».

Дар баробари суръат гирифтани обшавии пиряхҳо дар Тоҷикистон, ҷараёни барқароршавии онҳо низ коҳиш ёфтааст. Тибқи мушоҳидаи чандинсолаи ҳавошиносон, дар Бадахшон ва Зарафшон, ки қисмати бештари пиряхҳои Тоҷикистонро дар худ ҷой додаанд, резиши аз меъёр камтари барф ба қайд гирифта шудааст. Ба иттилои Маркази ҳавосанҷии Муассисаи давлатии обуҳавошиносии ҶТ, зимистони соли 2014 дар минтақаи Бадахшон ҳамагӣ 20-25 дарсади меъёри бориши барф ба қайд гирифта шудааст, ки ин ниҳоят кам аст.

Пирях: Номаш ҳасту худаш нест

Ба ҳисоби олимон, Тоҷикистон дар зарфи ҳамагӣ 7 даҳсолаи охир ҳазор пиряхи худро талаф додааст. Бино ба иттилои мутахассиси соҳа Маҳмад Сафаров, дар тӯли 70 соли охир дар ҳудуди Тоҷикистон тақрибан 1000 пиряхи хурд об шудааст. Ӯ мегӯяд, солҳои пеш дар ҷумҳурӣ 14 ҳазор пирях ба қайд гирифта шуда буд. Вале имрӯз касе дақиқ гуфта наметавонад, ки ин шумора ба чанд расидааст.


Маҳмад Сафаров пиряхи хурди Яхарчаро дар болооби дарёи Варзоб мисол овард ва гуфт: «Дар харита ҳаст, аммо ҳангоме ки мо ба мавзеи ҷойгиршавии пирях рафтем, дидем, ки аз он танҳо як санги зард боқӣ мондаасту халос».

Вазъи пиряхҳо бояд омӯхта шавад

Ин дар ҳолест, ки коршиносон ба зарурати омӯзиши дубораи ҳолати сарчашмаҳои обии Тоҷикистон таъкид мекунанд. Зеро то кунун дар ин замина пажӯҳиши комил анҷом нашудааст, ки фарогири тамоми пиряхҳои кишвар бошад.

Ин ҳолат мушкили танҳо Тоҷикистон нест, балки пиряхҳои сайёра низ ба таври комил омӯхта нашудаанд. Профессор Абдулҳамид Қаюмов изҳор медорад, ки «омӯзиши захираҳои об дар сатҳи ҷаҳонӣ бори аввал соли 1931 ва дафъаи дуюм соли 1957 гузаронида шуда буд. Аз он замон то ба имрӯз далелҳои дақиқи илмӣ оид ба захоири об дар сатҳи ҷаҳонӣ вуҷуд надорад».

Қаюмов афзуд: «Танҳо солҳои 2007-2008 дар доираи Соли байнулмилалии қутбӣ захираҳои об дар сатҳи ҷаҳонӣ қисман омӯхта шуданд».

Аввал серобӣ, сипас беобӣ

Мутахассисон дар ҳоле ба зарурати омӯзиши ҳолати пиряхҳо таъкид медоранд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар кишвар аҳолиро дучори ҳолатҳои гуногун кардааст. Дар ҳавои гарм серобӣ ва дар ҳавои сард камобии дарёҳо баръало мушоҳида мешавад.


Тибқи ҳисобҳо, ҳодисаҳои гуногуни табиии марбут ба об дар 3-4 соли охир ба иқтисодиёти Тоҷикистон 700 миллион доллар хисорот ворид кардааст. Ин ҳолат, ки ба қавли коршиносон, ба минтақаи Осиёи Марказӣ асароти ҷиддии ногувор хоҳад дошт, дар ҳоли ҳозир ба ҷуз Тоҷикистон кишвари дигареро ба ташвиш наовардааст. Дар ҳоле ки Тоҷикистон аз офатҳои табиӣ ҳамасола хисорот мебинад, кишварҳои поёноб аз серобии дарёҳои мамолики болооб истифода карда, талаботи худро ҳамаҷониба бароварда месозанд. Аммо аз қавли мутахассисони соҳа метавон гуфт, ки натиҷаи ногувори ҳолати имрӯзаро мамолики поёноб на имрӯз, балки дертар эҳсос хоҳанд кард. Зеро дар натиҷаи обшавии босуръати пиряхҳо манбаъҳои обӣ кам гардида, минтақа баъд аз чанд даҳсола дучори хушксолӣ хоҳад шуд.

Корманди Агентии таҳлилии «Инач Бена»-и Туркманистон Гулҷамол Нурмуҳаммадова дар ин ҳолат ҳамбастагии кишварҳои минтақаро зарур медонад. Ба гуфтаи ӯ: «Аслан серобӣ хуб аст, зеро танқисӣ аз об камтар мешавад. Вале мутассифона, ин раванд аз обшавии зиёди пиряхҳо ба вуҷуд меояд. Агар пиряхҳо пурра об шаванд, пас дигар ҳеҷ чизи обмешуда боқӣ намемонад. Дар ин сурат аҳвол бадтар мешавад. Сарфи назар аз ин, кишварҳои минтақа бояд ба ҳама гуна вазъият омода бошанд».

Соли 2050 Тоҷикистонро хушксолӣ интизор аст

Аз гармии рӯ ба афзоиш пиряхҳои Қирғизистону Афғонистон ҳам дар канор намондаанд. Вале дар сурати осеб дидани сарчашмаҳои обӣ дар Тоҷикистон қисмати бештари Осиёи Марказӣ зарар хоҳад дид, чунки 60% оби минтақа аз қаторкӯҳҳои Тоҷикистон ҷорӣ мешавад. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ аз ҳолати ба амаломада дар кӯҳҳои Бадахшони Афғонистон бештар нигарон аст. Зеро миёни Бадахшони Афғонистону Тоҷикистон ҳамагӣ як дарё мавҷуд аст, ки аз обшавии пиряхҳои ҳарду кишвар сероб мешавад.


Мутахассиси соҳа Маҳмад Сафаров: «Дар 70 соли охир ҳаҷми пиряхҳои Тоҷикистон аз 25% то 30% кам шудааст. Аммо аз ҳама ташвишовар ин аст, ки пиряхҳои ҳамсоякишвари мо – Афғонистон 75%-и масоҳати худро аз даст додаанд. Аз ин рӯ, тибқи пешгӯйии мо, баъд аз соли 2050 эҳтимол дар Тоҷикистон камобӣ ба мушоҳида расад».

Биёбони Арал – силоҳи биологӣ

Гармшавии иқлими сайёра агар ба обшавии пиряхҳо боис шуда бошад, таъсири инсон ба табиат ин равандро суръати беш аз пеш бахшидааст. Хушкшавии баҳри «Арал» на танҳо ба обшавии пиряхҳо, балки ба дигар хатароти экологӣ дар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ боис мегардад. Коршиносон хушкидани ин баҳри дар гузашта азиму акнун биёбони боқимонда аз онро силоҳи биологӣ ба табиати минтақа арзёбӣ мекунанд.

Хайрулло Ибодзода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ дар робита ба хатароти хушкшавии баҳри Арал ба пиряхҳои Тоҷикистон гуфт: «Шӯршавии қисми ҷанубии баҳри Арал аз 100 грамм дар як литр намак зиёдтар аст, ки дар он ҷо ягон чиз намерӯяд. Баҳр хушк шуда, ба як қумзори калон мубаддал шуда истодааст. Вақте ки шамол мешавад, бод қуми пур аз намакро бардошта, ба болои пиряхҳои мо оварда мерезад ва ин пиряхҳоро об мекунад».

Камкории олимон ва «ниқоби сиёсӣ»-и масъалаи об

90% оби дарёҳои Тоҷикистонро пиряҳо ба вуҷуд меоранд. Иқтидори азими гидроэнергетикии Тоҷикистон ҳам ба қуллаҳои барфпӯш вобаста аст. Аммо ба обе, ки дар маҷрои худ равон аст, ҳам ниқоби иҷимоӣ пӯшонидаанду ҳам сиёсӣ.

Профессори тоҷик, Абдулҳамид Қаюмов омили ин ҳамаро дар он арзёбӣ мекунад, ки далелҳои воқеӣ барои донишмандони кишварҳои поёноб норӯшантар аст. Ӯ меафзояд: «Яке аз сабабҳои ниқоби сиёсӣ кашидан ба мушкили об дар он аст, ки кори олимон дар ин самт каме коста шудааст. Аз сабаби набудани далелҳои илман асоснок, баҳсҳо хислати сиёсӣ пайдо мекунанд. Олимон бояд дар ин самт саҳмгузор бошанд ва далелҳои дақиқро ба даст оранд».

Тақсими масъулият ва талоши муштарак

Коршиносон равандҳои навро танҳо оғози масъала медонанд. Вале мутахассисоне, ки паёмади тағйирёбии иқлим ва мушкилоти пешорӯро дақиқан эҳсос мекунанд, кишварҳои поёноб ва болообро ба ҳамкорӣ даъват мекунанд. Адолат дар он дида мешавад, ки ҳалли масоили пешгирӣ ё мутобиқшавӣ ба дигаргуниҳои иқлимӣ муштарак сурат бигирад.

Ба андешаи вазири собиқи хоҷагии оби Ҷумҳурии Қазоқистон Наримон Қушақбоев, шарикии кишварҳо беҳтарин роҳи ҳалли душвориҳои ҷойдошта аст: «Мушкилиро дар якҷоягӣ бартараф кардан лозим аст. Ин масъалаи ҷиддист, аз ҳамин хотир, бояд барои ҳалли он олимону муҳандисон ва ҳатто сиёсатмадорон иштироки фаъол дошта бошанд. Дар ин маврид мо бо огоҳии якдигар бояд барои ҳалли масоили дохилии худ амал кунем. Роҳҳо вуҷуд доранд, аз таҷрибаи дигар кишварҳо дар масъалаи захираҳои об метавон истифода кард».

Дар ҳамин ҳол корманди Агентии таҳлилии «Инач Бена»-и Туркманистон Гулҷамол Нурмуҳаммадова мегӯяд, фишорҳо ва вазифаҳои зиёде ҳастанд, ки кишварҳои минтақа барои ҳалли он бояд талош кунанд. Ӯ баргузории мунтазами ҳамоишҳои илмиро роҳи воқеӣ барои ҳалли ихтилофот медонад: «Конфронсу форум ва ҳамоишҳо чун майдоне ҳастанд, ки кишварҳо бори дигар мавқеи худро муайян мекунанд. Дар ин гуна ҳамоишҳо андешаҳои гуногуни мутахассисон баррасӣ мешавад ва онҳое, ки натиҷагирӣ мекунанд, бояд назари коршиносону муттахассисони соҳаро ба инобат бигиранд. Аз ин рӯ, пас аз анҷоми як ҳамоиш умед бастан ба ҳалли масъалаҳо метавонад нодуруст бошад. Дар ҳамоишҳо андешаву назароти гуногун барои ҳалли масоили марбут ба об заминае буда метавонанд».

Дар аввал заминҳои корами обии кишварҳои Осиёи Марказӣ 4 миллион гектарро ташкил медод, аҳолӣ низ ба маротиб камтар буд. Вале имрӯз аҳолӣ ба маротиб афзоиш ёфтаву заминҳои корам ба бештар аз 10 миллион гектар расидааст. Аммо дарёҳои сарҳадгузар ҳамон гунае ҳастанд, ки дар гузашта буданд. Пиряхҳо ба ҳарорати ҳаво истодагарӣ карда натавониста, сол то сол ба коҳиши забонаи худ дучор мегарданд. Дар чашми олимон ин далели он аст, ки дар «яхдони минтақа» оташ афтодааст.