Санаи 4 феврали соли 2015 дар Сафорати Ҷопон дар Душанбе маросими ба тасвиб расидани созишномаҳои муштараки 3 лоиҳаи нав баргузор гардид. Созишномаҳои мазкур аз ҷониби Такашӣ Камада, сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони 3 мақомоти пазирандаи грантҳо ба тасвиб расиданд.
Тавре аз сафорати Ҷопон дар ҶТ хабар доданд, дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳукумати Ҷопон оид ба кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ «Лоиҳаи дастрас намудани таҷҳизоти тиббӣ ба шӯъбаи урологияи беморхонаи минтақавии ҷамоати деҳоти «Ғулакандоз»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов» ба маблағи 98,5 ҳазор доллари ИМА, «Лоиҳаи сохтмони Маркази занон дар шаҳри Панҷакент ба маблағи 100,3 ҳазор доллари ИМА ва «Лоиҳаи беҳтар гардонидани системаи обёрӣ дар деҳаҳои «Қарасой» ва «Қашот»-и ҷамоати деҳоти «Қашот» дар ноҳияи Ҷиргатол» ба маблағи 114,7 ҳазор доллари ИМА амалӣ мешаванд.
Дар маросими ба тасвиб расонидани лоиҳаҳои мазкур, ҷаноби Камада қайд намуд, бо тасвиби лоиҳаҳои мазкур, шароит дар соҳаҳои тиб, иҷтимоӣ, ҳаёти занон ва соҳаи хоҷагии деҳқонӣ дар ин ноҳияҳо беҳтар хоҳад гашт. Ҳамчунин, ҷаноби Камада изҳор намуд: “Лоиҳаҳои мазкур барои вусъат бахшидани равобити дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон нақши муҳим бозӣ мекунанд. Дар баробари ин, ман умед дорам, ки муносибатҳои дӯстонаи байни ин ду давлат боз ҳам вусъат хоҳанд ёфт”.
Кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ, соҳаҳои маориф ва тандурустии мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ расонида мешавад. Лоиҳаҳо амнияти башарӣ дар бахши аъзами аҳолӣ 340 лоиҳаро ба маблағи умумии $27.5 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.




Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста