Кӯмакпулӣ дар давраи бекорӣ як навъ дастгирии иҷтимоии шаҳрвандон аз ҷониби давлат аст, ки муваққатан то замони ҷойи кори муносиб пайдо кардани афроди бекор пардохт мешавад.

Дар кишварҳои рушдкарда шаҳрвандон аз ин ҳуқуқи худ ба таври васеъ истифода мекунанд, аммо дар Тоҷикистон кам нафароне ҳастанд, ки барои дарёфти кӯмакпулии давраи бекории худ талош меварзанд. Бархе аз сокинон ҳатто аз вуҷуд доштани чунин як низом хабар надоранд.

Ноогоҳии мардум

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, дар соли 2014 ба 8 ҳазору 464 шаҳрванди кишвар дар давраи бекориашон 3 миллиону 874 ҳазору 639 сомонӣ кӯмакпулӣ пардохтааст, ки ин дар қиёс бо соли пеш як баробар бештар мебошад. Аммо ноогоҳӣ аз вуҷуди ин гуна низом то кунун бисёриҳоро аз чунин кӯмакпулӣ маҳрум сохтааст.


Қонунҳои Тоҷикистон барои шаҳрвандони бекор дар муддати то се моҳ ҳуқуқи гирифтани кӯмакпулиро то дарёфти шуғли муносиб фароҳам месозанд. Дар робита ба ин масъала Мирзораҳмат Иброҳимов , сардори Сарраёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар шаҳри Душанбе мегӯяд: "Шахсе, ки ба раёсатҳои агентӣ барои гирифтани кӯмакпулӣ муроҷиат мекунад, бояд дафтарчаи меҳнатӣ дошта бошад. Ҳамчунин маълумотнома аз шуъбаи кадрҳо дар бораи он зарур аст, ки дар ҳамон корхона фаъолият кардаасту имрӯз бо сабабҳои маълум озод ё ихтисор шудааст".


Сокини пойтахт Хушбахт Низомов , ки чанд моҳ пеш аз хидмати ҳарбӣ баргашт, ҳоло муваққатан бекор асту мехоҳад шуғли муносиб пайдо кунад. Хушбахт бо ин мақсад ба ташкилоту идораҳои зиёде муроҷиат кардааст. Ҳамзамон ба Сарраёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар шаҳри Душанбе барои гирифтани 250 сомонӣ кӯмакпулии давраи бекориаш омадааст. Ӯ дар суҳбат бо мо гуфт: "Ман пас аз адои хизмати ҳарбӣ ба комиссариати ҳарбӣ омадам. Дар комиссиариати ҳарбӣ ба ман гуфтанд, ки аз шуъбаи шуғли аҳолӣ маблағ мегирӣ. Барои ҳамин ман ба ин ҷо омадам."

Аммо имрӯзҳо нафароне, ки мисли Хушбахт аз ҳаққи қонунии худ дифоъ карда тавонанд, хеле каманд. Зимни як назарпурсӣ дар кӯчаҳои пойтахт аксари мусоҳибони мо аз вуҷуди кӯмакпулӣ барои давраи бекорӣ изҳори бехабарӣ карданд. Бештари онҳо на ҷавонон, балки афроде буданд, ки бахше аз умри худро дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ паси сар кардаанд. Ин дар ҳолест, ки шоҳидони он давра аз Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ ба унвони як давлати саршор аз имтиёзҳои иҷтимоӣ ёд мекунанд.

Ҳаҷми ночизи кӯмакпулӣ

Тибқи қонунгузорӣ, муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои гирифтани кӯмакпулӣ дар Тоҷикистон даҳ рӯз буда, дар давраи аввал 50%-и музди меҳнат, моҳи дуюм 40% ва моҳи сеюм 30%-и маоше, ки корманд дар корхона гирифтааст, пардохт мешавад. Ба ин гурӯҳ нафароне дохил мешаванд, ки ҳамчун бекор расман сабтином шудаанд, аз хизмати ҳарбӣ баргаштаанд ва ё аз муассисаҳои ҷазои ҷиноӣ озод шудаанд.

Аз моҳи сентябри соли 2013 кӯмакпулӣ барои давраи бекорӣ 250 сомонӣ муқаррар шудааст. Баъзеҳо бар ин назаранд, ки ҳаҷми ночизи кӯмакпулӣ ва саргардониҳои зиёд барои дарёфти он сокинони кишварро аз талош барои дифоъ аз ин ҳаққи худ дилсард кардааст. Аммо дар баробари пардохти кӯмакпулӣ мақомоти шуғли аҳолии кишвар муваззаф аст, шаҳрвандонро бо ҷойи кори мувофиқ таъмин созад.

Ихтилофи омори мақомоти давлатӣ бо вазъи воқеӣ

Масъулони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ мегӯянд, соли 2014 дар қаламрави кишвар 685 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ гузаронида, барои таъмини қариб 7 ҳазор нафар бо кор мусоидат кардаанд. Аммо сокинон аз он шикоят мекунанд, ки музди меҳнати ҷойҳои кории дар ярмаркаҳо пешниҳодшуда хеле ночиз ва аз воқеиятҳои зиндагӣ фарсахҳо дур аст.

Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми имсолаи худ ба парлумон хабар дод, ки соли 2014 дар ҷумҳурӣ беш аз 252 ҳазор ҷойи нави кории доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъсис шудааст.

Омори таъсиси теъдоди зиёди ҷойҳои корӣ дар кишвар дар ҳоле пешниҳод мешавад, ки Созмони байнулмилалии меҳнат сатҳи бекориро дар Тоҷикистон 10,8% арзёбӣ кардааст ва дурнамои он низ чандон хушҳолкунанда нест. Тавре аз гузориши ин созмон бармеояд, дар соли 2018 сатҳи бекорӣ дар Тоҷикистон танҳо то 10,4% коҳиш хоҳад ёфт. Сатҳи бекорӣ дар Ӯзбекистон низ 10,8% ва дар Туркманистон 10,7% будааст. Нишондоди нисбатан пасттар дар Қирғизистон ба назар мерасад, ки сатҳи бекории аҳолӣ дар ин кишвар ба 7,9% баробар аст.

Муҳоҷирати меҳнатӣ - роҳи ниҳоӣ?

Мушкили дарёфти ҷойи кор дар дохили кишвар аксари аҳолии қобили меҳнати Тоҷикистонро водор кардааст, ки бо мақсади дарёфти шуғли муносиб муҳоҷират ба хориҷи кишварро ихтиёр кунанд.

Тибқи иттилои Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия, наздики як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар қаламрави ин кишвар кору зиндагӣ мекунанд. Қазоқистон ва Қирғизистон низ чандин ҳазор муҳоҷири тоҷикро дар қаламрави худ ҷой додаанд. Бино ба маълумоти баҳисобгирии рафтуомади шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ, 670 ҳазору 806 нафар танҳо дар соли 2014 кишварро бо мақсади муҳоҷирати корӣ тарк кардаанд. Масъулон мегӯянд, ин рақам нисбат ба як соли қабл камтар буда, сатҳи муҳоҷирати аҳолӣ ба хориҷи кишвар поин рафтааст. Коҳиши раванди муҳоҷирати меҳнатии сокинони Тоҷикистон ба шадидтар шудани қонунҳои кору иқомат дар Русия рабт дода мешавад.

Аммо маблағе, ки муҳоҷирони кории тоҷик ба кишвар мефиристанд, тибқи арзёбии Бонки ҷаҳонӣ, 47 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳад ва аз рӯйи ин нишондод кишвари мо дар ҷаҳон мақоми аввалро ишғол мекунад. Ҳамасола аз сӯйи муҳоҷирони тоҷик танҳо аз Русия ба Тоҷикистон беш аз 2,5 миллиард доллари ИМА фиристода мешавад, ки далели  вобастагии беш аз ҳадди Тоҷикистон ба маблағҳои фиристодаи муҳоҷирон мебошад.