Филми дигари Шабакаи Аввал бо номи “Мулло Кирмак”, ки шоми 25-уми феврал пахш шуд аз фаъолияти Шералӣ Пардаев, истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат, ки худро табиб ва мулло муаррифӣ кардааст, қисса мекунад.
Ӯ дар ин филм ҳамчун мардуфиреб ва гумроҳ сохтани сокинони шаҳри Ваҳдат муттаҳам мешавад.
Дар навор гуфта мешавад, ки Шералӣ Пардаев пеш аз он ки ба дуову табобат фаро бигирад ба онҳо пӯшидани чашмро амр карда хун ва кирми бо худ овардаашро дохили матои сафед пинҳон намуда, ба китфи беморон гузошта гӯё аз бадани онҳо дарду зиёнро берун меовардааст.
Мадина Шарифова, равоншинос мегӯяд сабаби паст будани дониши мактаби ибтидоии мизоҷон аст, ки кирми лойхӯракро аз он кирмҳое, ки дар бадани инсон аст, фарқ намекунанд.
Равоншинос ҳамчунин илова мекунад Мулло Шералӣ аз оҷизии мардум истифода карда барои ба даст овардани маблағи муайян аз ҳолат ва умеди беморон истифода кардааст: “Вақте ки шахс умед дорад ё баракс ноумед аст, дар ин ҳолат истифода бурдани шахс бениҳоят осон аст”.
Фазлиддин Сайфиддинов, духтури бемориҳои сироятӣ оид ба намуди бемориҳои сироятӣ мисол оварда зикр мекунад: “Дар ҷаҳон зиёда аз 270 намуди бемориҳои паразитӣ мавҷуд мебошанд. Аз ин 20 намудаш дар ҷумҳурии мо вуҷуд дорад. Нишонаҳои бемории паразитӣ ин лоғаршавӣ, хотираи паст ,вақти хоб оби даҳон рафтан дар бемор мушоҳида карда мешавад. Як матоъро монанд ва кирм берун шавад, ман ба ин бовар надорам”.
Дар навор Мулло Шералӣ мегӯяд беморони рӯҳӣ, лакнати забон ва безуриётиро табобат мекардааст.
Абдулсамеъ Наҷотов устоди Донишкадаи исломии Тоҷикистон дар навор мегӯяд: “Истифода кардани ояҳои Қуръон барои ғаразҳои нопок аз дидгоҳи шариати Ислом мамнуъ ҳисобида шудааст”.
Манбаъ мегӯяд: “Пардаев Шералӣ Урозович, сокини шаҳри Ваҳдат, соли 1978 дар деҳаи Пахтакори ноҳияи Ёвони ноҳияи Хатлон ба дунё омадааст. Ин нафар соли 2001 бо ҷурми истеъмоли маводи нашъадор дастгир карда шуда пеш судшуда мебошад. Айни ҳол дар Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат қарор дорад”.
Дар навор нишондоди мизоҷон, нархи тумору таштоб ва муносибати пайвандони Шералиро бубинед.
Ёдовар мешавем, ки Шабакаи Аввали телевизиони Тоҷикистон шоми 6-уми феврал филмеро бо номи “Ривояти Шайх Темур” намоиш дод, ки аз корнамоиҳои Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба “Шайх Темур” нақл мекард.




Доналд Трамп: “Мадуро ва ҳамсараш боздошт ва аз Венесуэла берун бурда шуданд”
Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
"Дов" оммавӣ шуд. Он аз пурҷоизатарин филми тоҷикӣ дониста мешавад
Озода Раҳмон ба модари Қобилҷон Алиев 300 ҳазор сомонӣ кӯмак кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста