Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи 29 март бо иштироки муовинони раиси шаҳр, мудирони шуъбаҳо ва роҳбарони сохторҳои ҷудогонаи мақомоти шаҳрдории Хуҷанд машваратӣ корӣ баргузор намуд.

Дар ҷараёни машварат раиси шаҳр ба кормандони мақомоти интизомӣ, шуъбаҳои кор бо маҳаллаҳо, ҷавонон, занон ва умури дин оид ба пешгирии узвияти сокинони шаҳр ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгароиву ифротгаро, ҳамчунин ба бар кардани сарулибоси бегона барои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла ҳиҷоб ва тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ин самт бо сокинони маҳаллаҳо дастурҳои дахлдор дод.

Раиси шаҳр қайд кард, ки дар нуқтаҳои фурӯши сарулибос рейдҳои махсус гузаронидан зарур аст, то ки ба фурӯши сарулибоси эрониву афғонӣ роҳ дода нашавад.

Ба мудири шуъбаи корҳо оид ба дини мақомоти шаҳрдорӣ дастур дода шуд, ки бо мақсади аз байн бурдани адои намоз тариқи нишондоди ҳаракати «Салафия» дар тамоми масҷидҳои намози ҷумъа назорати доимӣ ба роҳ монда шавад. «Адои намоз дар тамоми масҷидҳо бояд бар асоси мазҳаби ҳанафӣ анҷом дода шавад», - гуфт раиси шаҳр.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамчунин дастур дод, ки дар робита ба дуруст ба бар кардани сарулибоси хос ба анъанаҳои миллӣ бо занон вохӯриҳо гузаронида шаванд.

Раиси шаҳри Хуҷанд таваҷҷуҳи ҳозиринро ба нақши муҳими васоити ахбори умум, бахусус телевизион дар инъикоси масъалаҳои мазкур ҷалб намуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд хабар медиҳад.