Пагоҳ, 2 апрел дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз гардида, то санаи 9 апрел идома меёбад.

Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги ҶТ, мақсади асосии чорабинии мазкур ин тарғиб ва оммавигардонии хониш дар байни кӯдакону наврасон, ҷалб намудани таваҷҷуҳи насли наврас ба китобу хониш, ба китобхона ҳамчун маркази иҷтимоӣ-фарҳангӣ, ташаккули одат ва малакаҳои хониш ва дар ин замина мусоидат намудан ба такомули фарҳанги иттиллоотии кӯдакону наврасон мебошад.

«Умдатарин вазифаи Фестивал арҷгузорӣ ба мероси ниёгон, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, зебописандӣ, худшиносӣ, ифтихор аз Тоҷикистон, тарбияи ҳисси эҳтиром нисбат ба дастовардҳои замони истиқлол, муқаддасоти миллӣ, омодагӣ ба ҳифзи марзу буми Ватани азиз - Тоҷикистон мебошад», - омадааст дар иттилои Вазорати фарҳанг.

Гуфта мешавад, баҳри дар сатҳи баланди ташкилию эҷодӣ баргузор гардидани Фестивал ҳар сол дар назди Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар Ситоди ҷумҳуриявӣ ташкил гардида, он фаъолияти кумитаҳои тадорукот, ҳайатҳои корӣ ва эҷодии фестивалро, ки дар вилоят, шаҳру ноҳияҳо созмон дода шудаанд, мутобиқ гардонида, ба онҳо ёрии амалию методӣ мерасонад.

Ба иттилои манбаъ, дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо иштироки китобдорони варзида, олимону адибон, намояндагони раёсат, шуъбаҳои фарҳангу маориф, воситаҳои ахбори омма кумитаҳои тадорукот ва ситодҳои корӣ созмон дода мешаванд.

Зимнан зикр мегардад, ки маросими ҷамъбасти Фестивал рӯзи 9 апрел дар толори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар воқеъ дар ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 36 баргузор мешавад.