Дар мақомоти шаҳрдории Душанбе як қатор тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Ҷамшед Мансуров, ки қаблан ба ҳайси муовини раиси шаҳри Душанбе фаъолият дошт, сардори Муассисаи давлатии «Равшании Душанбе» таъин карда шудааст.

«Собиқ сардори Муассисаи давлатии «Равшании Душанбе» Низомуддин Холматов директори Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба истеҳсоли чароғҳои каммасраф таъин гардид», - гуф Ш.Саидов.

Ба иттилои манбаъ, сардори шуъбаи маъмурӣ-ҳуқуқии дастгоҳи раиси пойтахт Фозил Бӯриев бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифааш озод карда шудааст. «Ҳамчунин бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан роҳбари гурӯҳи амалисозии лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе» Мамадназар Мамадорифов низ аз мансаб сабукдӯш шуда, ба ин вазифа Абдулхайр Алиев таъин карда шуд», - афзуд номбурда.