Анонс

- Ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум доир мегардад. Оғоз соати 10-00;

- Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ маросими расмии Гузориши миллӣ оид ба рушди инсонӣ дар соли 2014 «Тоҷикистон. Дастрасии захираҳо баро рушди инсонӣ» баргузор мешавад. Оғоз соати 10-00.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  5.9781 сомонӣ;

1 евро – 6.5118 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.10 84 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

1988 – Иттиҳоди Шӯравӣ қарор дар бораи хурӯҷи нерӯҳои низомӣ аз Афғонистонро эълом дошт.

1992 – Дар Душанбе дар бораи барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия Протокол ба имзо расид.

2004 — Раиси Ҳизби демкорати Тоҷикистон М.Искандаров дар нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки аз кор дар сохторҳои давлатӣ даст мекашад.

2012 — Соҳибкори тоҷик, собиқ вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Низомхон Ҷӯраев, ки  29 март баъди озодиаш аз тавқифгоҳи муваққатии вилояти Маскав бедарак шуда буд, дар Тоҷикистон пайдо шуд.

2013 — Изҳори нияти таъсиси ҳизби сиёсии нав - «Тоҷикистони нав дар Тоҷикистон.

1925 – Зодрӯзи доктори улуми тиббӣ, Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон, профессор Абдумаҷид Пӯлодов.

1963 – Мавлуди нависанда ва журналист Ато Мирхоҷа.

1969 – Зодрӯзи олим Шералӣ Султонов.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас, баъзан туман мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +7+12, рӯзона +22+27, дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +17+22.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ. 

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +7+12, рӯзона +16+21, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +9+14.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.  

Ҳарорат: дар ғарб шабона 0+5, рӯзона +14+19; дар шарқи вилоят шабона -8-13, рӯзона +1+6.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ.   

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +7+12, рӯзона +21+26, дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +11+16.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ.       

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +23+25.

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.    

Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +24+26.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ. 

Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +21+23.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +16+18.