Дар гузашти низомӣ ба муносибати ҷашни 70-умин солгарди Ғалабаи мардуми шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки санаи 9 май дар Боғи Ғалабаи пойтахт баргузор мешавад, хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон низ иштирок мекунанд.

Аз Вазорати мудофиаи ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар гузашти низомии пойтахти Тоҷикистон дар маҷмӯъ беш аз 2 ҳазор нафар низомиён ширкат хоҳанд варзид. Гузашти низомӣ таҳти фармондехии муовини сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллахи Тоҷикистон генерал-майор Бахтиёр Рузминшоев доир гардида, онро вазири мудофиаи ҷумҳурӣ генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо қабул хоҳад кард.

Зимнан зикр гардид, ки дар маросими гузашти низомӣ раҳбарияти кишвар, роҳбарони сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ, собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанаӣ, волидони сарбозону афсарон иштирок хоҳанд кард.