Директори шабакаи телевизиони «Пойтахт» Шаҳло Мӯсоева, ки аввали ҳафтаи равон аз вазифааш озод карда шуд, дар мақомоти шаҳрдории Душанбе ба мансаби нав таъин гардид.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе хабар дод, бо қарори Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси пойтахт Шаҳло Мӯсоева иҷрокунандаи вазифаи сардори шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъин шудааст.

Ёдрас мекунем, ки чанд рӯз қабл сухангӯи раиси пойтахт Шавкат Саидов роҳбари шабакаи телевизиони «Пойтахт» таъин гардида, ба мансаби сухангӯи раиси пойтахт алҳол касе таъин нашудааст.