Имрӯзҳо дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии қориёни Қуръон ҷараён дорад.

Аз Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки марҳилаи аввали озмун аз 1 то 3 май баргузор шуда, дар он беш аз 120 нафар қориёни Қуръон ширкат варзидаанд.

«Аз рӯи натиҷаҳои марҳилаи аввал 45 нафар ба марҳилаи дуюми озмун гузашта, рӯзҳои 6-7 май дар Душанбе ба рақобат идома медиҳанд. Аз рӯи панҷ номинатсия дар маҷмӯъ се нафарӣ ғолибон муайян шуда, онҳо бо туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ карда мешаванд», - иттилоъ доданд аз Донишкада.

Ҳайати ҳакамони озмун аз ходимони дини Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ иборат буда, ин чорабинӣ аз ҷониби Донишкадаи исломии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Иттиҳодияи байнулмилалии қориёни Қуръони Арабистони Саудӣ гузаронида мешавад ва ғолибони озмун бо мукофотпулиҳо сарфароз гардонида мешаванд.