Рӯзҳои 14-18-уми майи соли равон дар пойтахти Руминия - шаҳри Бухарест Олимпиадаи лоиҳавӣ-илмӣ дар равияи технологияи итилоотӣ – “Infomatrix-2015” баргузор гардид.

Сомонаи расмии шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо» бо такя ба гуфтаҳои Илҳом Ҳотамӣ, муовини мудири кулли литсейҳои муштараки тоҷикӣ-туркӣ дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки дар ин олимпиада 700 хонанда аз 51 давлати ҷаҳон бо 353 лоиҳа ширкат варзидаанд.

Гуфта мешавад, Тоҷикистонро 10 нафар хонанда аз Мактаби байнулмилалии шаҳри Душанбе ва Литсей-интернатҳои муштараки тоҷикӣ-туркии шаҳрҳои Кӯлоб, Турсунзода ва Қурғонтеппа намояндагӣ карда, соҳиби 10 медал шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, Искандар Давлатов ва Сироҷиддин Валиев аз литсейи шаҳри Қурғонтеппа сазовори медали тилло, Иброҳим Ниёзов ва Муҳаммад Маҳмудов аз Мактаби байналмилалии Душанбе сазовори медали нуқра, Иброҳимҷон Солиев, Баҳром Саидов, аз Мактаби байналмилалӣ, Саиднуриддин Салимов, Шоҳрух Ҷалолов аз литсейи шаҳри Кӯлоб, Мавлон Асоев, Муҳаммадҷони Насриддин аз литсейи шаҳри Турсунзода сазовори медали биринҷӣ гардиданд.