Дар суди ҳарбии гарнизони Душанбе имрӯз мурофиаи навбатии баррасии даъвои Шаҳбол Мирзоев дар бораи ҷуброни зиёни маънавӣ ва моддӣ баррасӣ шуда, аз рӯи ин парванда ҳалнома содир мешавад.

Моҳи ноябри соли 2014 наздикони сарбоз Шаҳбол Мирзоев, ки аз ҷониби ҳамхизматаш лату кӯб шуда буд, барои ҷуброни зиёни маънавӣ ва моддӣ дар ҳаҷми 241 ҳазор сомонӣ (97 ҳазор - зарарӣ моддӣ ва 144 ҳазор - зарари маънавӣ) даъво карданд.

Тавре аз ташкилоти ҷамъиятии «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ дар ин робита хабар доданд, ҷавобгар дар ин парванда Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлати амнияти миллии Тоҷикистон мебошад.

Дилшод Ҷӯраев, адвокати Шаҳбол Мирзоев изҳор намуд, ки рӯзи 15 апрел зерҳимояи ӯ тариқи скайп дар мурофиаи судӣ ширкат варзида, гуфтааст, пас аз муолиҷа дар Русия вазъи солимии ӯ беҳтар шудааст, «яъне дар сурати идомаи муолиҷа, вазъаш боз хубтар шуда метавонад».

Адвокат ҳамчунин зикр кард, ки зерҳимояи ӯ дар бораи ҳодисаи рухдода, ки ба маъюбии ӯ боис гардид, ба иштирокчиёни мурофиаи муфассал маълумот додааст.

Номбурда қайд кард, ки дар мурофиа ҳамчунин Нафисахон Юнусова, коршиноси кафедраи равоншиносӣ ва ҷомеашиносии Донишкадаи давлатии идоракунии назди президенти ҶТ низ ҳузур доштааст, ки ҷой доштани зарари маънавии расонидашуда ба Шаҳбол Мирзоево тасдиқ кардааст.

«Юнусова мутобиқи ҷадвали профессори рус Эрделевский ҳаҷми зарари маънавии расонидашударо тақрибан 180 ҳазор сомонӣ арзёбӣ намуд. «Баъди ин дар аризаи даъвогии худ, мо адвокатҳои Шаҳбол Мирзоев, аз идораи зикршуда пардохти зарари моддӣ дар ҳаҷми 97 ҳазору 265 сомонӣ ва зиёни маънавӣ ба маблағи на 144 ҳазор сомонӣ, балки 180 ҳазор сомониро талаб дорем», - гуфт Ҷӯраев.

Қобили зикр аст, ки ахири соли гузашта, дар ҷараёни мурофиа оид ба ин парванда, Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ аз суд дархост намуд, ки даъвои наздикони сарбоз Шаҳбол Мирзоеви аз ҷониби ҳамхизматаш латукӯбшуда оид ба ҷуброни зиёни моддиву маънавӣ ба маблағи 241 ҳазор сомонӣ рад карда шавад.