Ба ифтихори мутафаккиру олими бузург, зодаи Бухоро Абӯалӣ ибни Сино дар Фаронса ба номи ӯ Ҷоизаи байнулмилалӣ барои дастовардҳо дар бахши тиб таъсис дода шуд.

Хабаргузории CA-NEWS дар ин робита менависад, ҳадафи аслии таъсиси ҷоиза пешбурд ва муаррифии бештари мероси илмӣ ва инсондӯстонаи Абӯалӣ ибни Сино дар бахшҳои тиббу фалсафа ва фарҳанг дар миқёси ҷаҳонӣ аст.

Ҷоизаи байнулмилалии ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба намояндагони ҷомеаи илмии байнулмилалӣ ва кормандону коршинсони бахши тиб тақдим карда мешавад. Тибқи шартҳои озмун, 1 нафар номзад кишварҳои Аврупо, 1 нафар - кишварҳои назди Баҳри Миёназамин ва 2 кас - давлатҳои Осиёи Марказиро бояд намояндагӣ кунанд.

- Рӯзҳои 20-21 ноябр дар ҷараёни конфронси байнулмилии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Мероси тиббии ибни Сино ва мушкилоти рӯзмарраи тибби муосир», ки дар Бухоро баргузор мешавад,маросими тақдими ҷоизаҳо ба ғолибони нахустини озмун доир мегардад, - менависад хабаргузории Жахон .