Дар Тоҷикистон мавҷи дуюми ихтисори хизматчиёни давлатии синнусоли нафақа оғоз гардид. Ҳукумати расмӣ ин иқдомро бо фароҳам овардани ҷойҳои корӣ барои кадрҳои ҷавон асоcнок мекунад, вале коршиносон бар ин назаранд, ки аз ин тадбирҳо натиҷаи дилхоҳ ҳосил намешавад.

Аз соли нави хониш бидуни муаллимони нафақахӯр

Яке аз омӯзгорони мактабҳои пойтахт ба идораи «Азия-Плюс» муроҷиат кард. Ӯ чанд сол қабл ба нафақа баромада, дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ муддати 34 сол фаъолият доштааст. Аввали моҳи май маъмурияти мактаб ба ӯ пешниҳод намудааст, ки ё дар мактаб корро идома дода, аз нафақа даст кашад ва ё аз кор равад. Ба ҳар ҳол, то ахири соли хониши ҷорӣ ба ӯ иҷозат додаанд, ки корашро давом диҳад. Ба гуфтаи ин зан, дар шарҳи чунин тасмимгирӣ директори мактаб ба кадом як дастуре аз ҳукумат ишора мекардааст.

«Ҳаминаш ҳам кам буд, ки солҳои охир мудом соатҳои дарсӣ ва меъёрҳои маоши моро кам мекарданд, акнун моро лозим меояд, ки умуман аз кор равем. Ман меравам, вале кӣ дар мактабҳо мемонад? Омӯзгорон намерасанд, ҷавонон барои кор ба мактаб намеоянд», - мегӯяд ин зан.

Тавре маълум шуд, дастури ҳукумат дар бораи ба истироҳати шоиста гусел кардани нафақахӯрон ба ҳар ҳол вуҷуд дорад. Ин санад (протоколи)-и ҷаласаи ҳукумат таҳти рақами 25 аз 29 апрели соли 2015 аст. Дуруст аст, ки он танҳо ба хизматчиёни давлатӣ дахл дорад, омӯзгорон бошанд, ба ин саф шомил нестанд, аммо маъмурияти мактабҳо маҳз ба ҳамин дастури такя карда, ин иқдоми худро бо камбуди ҷойҳои корӣ барои ҷавонон асоснок мекунанд.

Аз ҳисоби нафақахӯрон бо тундагароӣ мубориза мебарем?

Рамазон Одинаев, раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми ҷумҳурӣ дар ин робита мегӯяд, дар Тоҷикистон, ки корхонаҳои саноатӣ фаъолият надоранд, ҷойи асосии кор муаасисаҳое мебошанд, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд.

«Худатон як фикр кунед, дар мо асосан муассисаҳои давлатӣ кор мекунанд, ки 50%-и кормандони онҳо нафақахӯрон мебошанд. Дар ин гуна шароит чӣ гуна метавон ҷавононро бо кор таъмин кард?», - савол медиҳад Р.Одинаев.

Ба гуфтаи ӯ, дар стратегияи давлат тарҳҳои сохтмони корхонаву фабрикаҳо пешбинӣ шудааст, лекин дар давраи кунунӣ бекории афзоянда миёни ҷавонон мушкилоти назаррас аст.

«Барои ба гурӯҳҳои тундраву ифротгаро ҷалб нашудани ҷавонон, мо бояд онҳоро бо ҷойҳои корӣ таъмин намоем. Ҷавон панҷ сол таҳсил карда, ба ҷустуҷӯи кор машғул мешавад, вале ба ӯ мегӯянд, ки ҷойи кори холӣ нест. Ва ё дар ҳамон мактабҳо ба ҷавонон бинобар сабаби камтаҷрибагӣ, камтар соатҳои дарсӣ медиҳанд. Дар натиҷа ба гурӯҳҳои гуногуни тундрав ҷалб кардани ин афроди дилмондаву ноумед аз ҳукуматдорон хеле осонтар мешавад. Албатта, нафақахӯр ба ҷанг намеравад ва ба ӯ ҳеҷ кадоме аз терористон ҳам таваҷҷуҳе надорад. Ба онҳо ҷавони солиму бардам лозим аст, ки хатмкардаи мактаби олӣ ва аз имконоти хуб бархӯрдор бошад», - гуфт корманди иттифоқи касаба.

Маъюбон ҳам сарфи назар намешаванд?

Қаблан нусхаи супориши №15 аз 9 апрел, ки ба унвони директори Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати ҶТ ирсол гардида буд, дар ихтиёри ВАО қарор гирифт. Дар ин санад доир ба аз кор озод кардани нафақахӯрон, низомиён ва маъбоне, ки нафақа мегиранд, сухан меравад ва дар ҳамин ҳол, онҳо бояд дар муддати 3 рӯз аз кор озод карда шаванд. Аз ин бармеояд, ки чунин супоришҳо ба дигар мақомоти давлатии кишвар низ фиристода шудаанд.

Дар супориш имзои розигии директори Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов аз 10 апрели соли 2015 дарҷ ёфтааст, ки иҷрои дастурҳои ин санадро талқин месозад. Ба мо муяссар нашуд, ки аз муаллифи ин ташаббус - Асадулло Раҳмон дар ин хусус шарҳу тавзеҳе ба даст орем.

Мушкилот бо аз кор озодкунӣ ҳал намешавад?

Сиёсатшинос Парвиз Муллоҷонов чунин мешуморад, ки аз кор озод кардани нафақахӯрон қисман ҳал шудани мушкилот буда, усулан аз он чизе ҳосил намешавад. «Касонеро, ки сабукдӯш мекунанд, онҳо ҳам ба музди меҳнат ниёз доранд, онҳо ҳам шаҳрванди Тоҷикистон мебошанд. Фарқи асосӣ ин аст, ки онҳо қисмати бештар фаъоли аҳолиро ташкил надода, ба кӯчаҳо баромада наметавонанд. Маъмулан одамони ин синну сол аз нигоҳи иҷтимоӣ камтар фаъоланд», - қайд кард сиёсатшинос.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳама гуна ҳолат маоши буҷет хеле паст аст ва ҷавонон на ба тавре таъмин хоҳанд буд, ки замони муҳоҷират таъмин буданд.

«Ин қисман ҳал кардани мушкилот аст, вале он бояд аз ҳисоби фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ дар навбати аввал дар бахши тиҷорати хурду миёна ҳал шавад, яъне комилан боз кардани ҳамаи роҳҳо, рафъи монеъаву маҳдудиятҳо, ислоҳоти мукаммал дар низоми андозбандӣ, коҳиши фишор болои тиҷорати хурду миёна зарур аст. Ин ягона воситаест, ки вазъро ба эътидол меорад. Тадбирҳои дар боло зикршударо  бошад, ҳатто ҳалли нимкора ҳам наметавон гуфт, балки ин як рафтори беэҳтиромона (профанатсия) нисбати ҳалли мушкилот аст», - афзуд Муллоҷонов.

Ба ҷойи охирсухан

Соли 2012 низ дар мақомоти давлатӣ ба таври оммавӣ нафақахӯронро ихтисор карданд. Он замон ихтисоркунӣ омӯзгорону кормандони тиббиро фаро гирифта буд. Дар ҳамин ҳол, он замону ҳоли ҳозир низ ҳеҷ касе таваҷҷуҳе накарда буд, ки нафақахӯр бо он нафақаи ночиз чӣ тавр зиндагӣ мекунад, зеро аксари онҳо танҳо барои он кор мекунанд, ки бо нафақаву кумакпулии мегирифтаашон зиндагӣ ғайриимкон аст. Имрӯз ҳаҷми нафақаи миёна дар кишвар каме бештар аз 250 сомониро ташкил медиҳад ва афзоиши назаррасаш ҳам пешбинӣ намешавад.

Ба ҳалли мушкилот тариқи рӯйи кор гирифтани чунин тадбирҳо бовар кам аст ва ба эҳтимоли зиёд, омӯзгорони нафақахӯрро гусел намуда, аввали соли хониш маъмурияти мактабҳоро боз лозим меояд, ки дари онҳоро дубора кӯбанд, чунки имрӯз ҷалби мутахассисони ҷавон ба мактабҳо хеле мушкил шудааст.