Дар назар аст, ки 25 июни соли ҷорӣ ба шаҳри Хуҷанд як гурӯҳи калони соҳибкорони Ҷумҳурии Беларус ташриф оварад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар доираи ташриф, ки он бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад, баргузории бизнес-вохӯрӣ байни соҳибкорони ду кишвар низ ба нақша гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, мақсад аз ташрифи меҳмонон ва баргузории бизнес-вохӯрӣ ин пеш аз ҳама густариши  муносибатҳои тиҷоратии байни соҳибкорони ду кишвар ва дар ин замина рӯи кор омадани якчанд созишномаҳои ҳамкорӣ  оид ба содироту воридоти молҳо аз ҷониби ду тараф мебошад.

Зимнан зикр мегардад, ки дар назар аст, дар бизнес-вохӯрӣ намояндагони беш аз 15 коргоҳу ширкатҳои номии кишвари Беларус, чун  ҶСК “Белшина”, ҶСК “МАЗ”,  Коргоҳи фаръии “«Фабрикаи мебелбарории Ружанск»”,  комбинати равғанбарории Гомел, ҶДММ “БелЭмса”, ҶСК “Беллакт”, ҶСК “Камвол” ширкат варзанд.