Бинои гимназияи исломии ба номи Абӯ Ҳанифа, ки аз соли 2009 дар ихтиёри Донишгоҳи исломии Тоҷикистон қарор дошт, бо қарори Суди иқтисодии шаҳри Душанбе ба тобеъияти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ гузаронида мешавад.

Бино ба гуфтаи ҳуқуқшиноси Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон Саидвалӣ Қодиров, бо ҳалномаи суд, собиқ бинои хобгоҳи Донишгоҳи омӯзгорӣ, ки соли 1998 ғайриқонунӣ ба корхонаи фаръии корпоратсияи «SADR Ink»-и ИМА дар ҶТ фурӯхта шуда, солҳои баъдӣ дар он гимназияи исломӣ фаъолият дошт, ба давлат баргардонида шуд.

«Сарфи назар аз хусусияти сирф иқтисодӣ доштани баҳси мазкур, як қатор васоити ахбори умум овозаҳоеро паҳн карданд, ки гӯё дар Тоҷикистон муассисаҳои таълимии исломӣ баста мешаванд», - иброз дошт ҳуқуқшинос.

Ёдрас мекунем, ки қаблан Тоҷиддин Асомуддинзода, ректори Донишкадаи исломии ба номи Имом Абӯ Ҳанифа овозаҳо дар бораи пурра қатъ гардидани фаъолияти гимназияи исломиро рад карда буд.

Қобили зикр аст, ки дар гимназияи исломии Тоҷикистон мутобиқи барномаи аз ҷониби Вазорати маориф тасдиқшуда барои наврасон улуми динӣ дарс дода шуда, ахиран шумори толибилмони он 1 ҳазору 458 нафарро ташкил медод, ки 910 нафари онҳо духтарон мебошанд.