Дӯстони азиз, рӯзи 12 июн Сафина Табарова аз бемористон рухсатӣ шуд . Мушкилиҳои зиёде паси сар шуда, имрӯз қалбҳо аз фараҳ лабрез аст. Хурсандӣ аз он, ки мо бори дигар тавонистем… Муяссар шуд, ки талошҳоямонро муттаҳид намуда, боз як кӯдакро аз вартаи ноумедӣ раҳо бахшем.

Раҳмати Худо ба дастони дармонбахши ҷарроҳони дил, нерӯи хушкнашавандаи меҳру муҳаббати падараш Музаффар ва дастгирии ҳазорҳо ҳамватанон. Имрӯз Сафина худро хуб ҳис мекунад, роҳ мегардад, таъом мехӯрад, гирди лабонаш табассум ҳувайдост. Рӯзи 11 июн ӯ ба синни 10-солагӣ қадам ниҳод. Воқеъан ҳам барои ӯ ин санаи махсус аст, зеро ин ҷашни таваллуди дуюмбораи ӯст… Ташаккур ба ҳамаи он афроде, ки ӯро дастгирӣ карданд.