Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро таври хаттӣ огоҳ намуд, ки дар моҳи шарифи Рамазон дар дафтари кории ҳизб намози таровеҳ ва ифтор барпо накунад. Огоҳии худро Кумита ба қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» асоснок мекунад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, рӯзи 18 июн аз Кумитаи дин номае ба дафтари ҲНИТ расидааст, ки дар он бо ишора ба Қонуни ҶТ "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” гуфта мешавад, ки талаботҳои ин қонун аз тарафи ҳизб риоя нашуда, бо оғози моҳи Рамазон дар қароргоҳи ҳизб бо иштироки шумораи зиёди шаҳрвандон намози таровеҳ ва хурдани таом сурат мегирифтааст.

Гуфта мешавад,  «суннати баргузории маҳфилҳои нуронии рамазонӣ аз замони марҳум устоди бузургвор Сайид Абдуллоҳи Нурӣ то имрӯз ба мерос мондааст ва ҳамасола бо кӯмаки саховатмандону накӯкорон ба садҳо нафар ғизои моддиву маънавӣ дар ин моҳи муборак дода мешуд».

«Ба ибораи Президенти кишвар ин амали солеҳ ҷузъи фарҳанги миллиамон гардида буд. Аммо, дар таълимоти дини мубини Ислом барои хайркунанда мушкиле нест, мушкил ба касе ҳаст, ки монеъи кори хайр мешавад. Агар ният хос барои ризои Ӯ таъоло бошад, пас барои хайркунанда савобу аҷру подош низ аз ҷониби Ӯст», - омадааст дар маълумоти сомонаи расмии ҳизб.