Дар моҳи шарифи Рамазон (18 июн - 17 июл) дар Тоҷикистон мудом аз гармии хеле зиёди обуҳаво интизорӣ меравад.

Аз Хадамоти обуҳавошиносии ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар бархе аз шаҳру навоҳии кишвар дар ин моҳ ҳарорати ҳаво то ба 44 дараҷа гармӣ мерасад. Дар ин моҳ нисбат ба солҳои пешин боришоти камтар дар назар буда, даҳаи аввали моҳи июл гармии тоқатфарсо оғоз мегардад.

Даҳаи аввали моҳи июл дар водии Ҳисор ва доманакӯҳи вилояти Хатлон болоравии ҳарорат мутаносибан то 44 дараҷа ва 32-37 дараҷа гармӣ пешбинӣ мешавад. Дар вилояти Суғд моҳи июл ҳарорат то 41 дараҷа ва навоҳии тобеи марказу шаҳри Душанбе то 37 дараҷа гармӣ расида, дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзона ҳарорат 18 дараҷа гармиро ташкил хоҳад дод.

Қобили зикр аст, ки соли равон маблағи закот (андози ҳатмии солона ба фоидаи камбизоатон)-ро мусалмононе месупоранд, ки на камтар аз 12 ҳазору 200 сомонӣ воситаҳои зиёдатӣ доранд. Аз ин маблағ онҳо бояд 305 сомонӣ хайр кунанд. Ҳаҷми садақаи фитр (хайрия) имсол 4 сомонӣ барои 1 моҳ ба 1 нафар муқаррар шудааст.

Тибқи назария, шахсони пиронсоле, ки имкони рӯзагирӣ надоранд, бояд ба камбизоатон 300 сомонӣ маблағ садақа намоянд, яъне ҳар рӯзи моҳи рамазон 10 сомонӣ хайрия диҳанд. Моҳи Рамазон бо Ид-ал-Фитр ё Иди Рамазон ба итмом мерасад.