Рӯзи якшанбеи ҳамин ҳафта, 20 июн раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода сокинони шаҳри Норакро қабул намуда, ба мушкилоти онҳо расидагӣ мекунад.

Чуноне ки аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар доданд, Д.Гулмаҳмадзода сокинони шаҳрро, ки мушкилоташон дар сатҳи раҳбарият шаҳр ҳаллу фасл нашуда, ба раиси вилоят муроҷиат карданианд, дар бинои ҳукумати шаҳр ба ҳузур мепазирад.

Ба иттилои манбаъ, дар қабули сокинони шаҳри Норак раиси вилоятро роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, корхонаву ташкилотҳои давлатӣ ва намояндагони ВАО ҳамроҳӣ хоҳанд кард.

Қобили зикр аст, ки раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмаҳмадзода ҳар моҳ сокинони ин ё он шаҳру навоҳии вилятро дар маҳалли зисташон қабул карда, арзу шикояти онҳро мешунавад. Қабули ахири раиси вилоят моҳи май дар ноҳияи Муъминобод доир гардида буд.