Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ қонунӣ гардонидани ҳатман аз муоинаи тиббӣ гузаштани навхонадорон пеш аз никоҳро пешниҳод мекунад. Дар сурати ошкор шудани беморие дар яке аз навхонадорон, никоҳ сурат намегирад. Ба рӯйхати ташхиси ҳатмии бемориҳо дар ин самт ташхиси бемории Вируси норасоии масунияти одам ва Бемории пайдошудаи норасоии масуният (ВНМО)/БПНМ, ВИЧ/СПИД) низ дохил аст.

Зимни суханронӣ дар конфронси ҷумҳуриявии «Таҳкими оила ва баланд бардоштани фарҳанги хонаводагӣ» намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Шералӣ Раҳматуллоев дар ин робита изҳор намуд, ки Вазорати тандурустӣ маҷмӯи қоидаҳои баргузор кардани муоинаи тиббии шахсонеро, ки издивоҷ карданианд, омода намуда, мутаносибан пешниҳод дорад, ки ба Кодекси оилаи ҶТ, қонунҳо «Дар бораи ҳифзи солимии аҳолӣ» ва «Дар бораи бақайдгирии давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ» тағйироту иловаи дахлдор ворид карда шавад.

Раҳматуллоев қайд кард, ки мутобиқи қонунгузории ҷорӣ, айни замон дар Тоҷикистон барои шаҳрвандоне, ки хоҳиши издивоҷ доранд, гузаштани муоинаи тиббӣ ва шиносоии шахси дигари издивоҷкунанда бо натиҷаҳои он ҳатмӣ нест.

«Дар амал ин ба он оварда мерасонад, ки шахсони сироятшуда бо вируси норасоии масунияти одам (ВИЧ) ва беморони БПНМ (СПИД), сифилис, сил, амрози зуҳравӣ, гепатити В, бемориҳои рӯҳӣ, нашъамандону майпарастон бидуни ҳеҷ монеъае метавонанд бо шахсони дигар издивоҷ кунанд, ки ба сироят гирифтани шахси дигар боис мегардад. Махсусан мебояд қайд кард, ки то имрӯз ҳатто шахси гирифтор ба ВНМО ва сабтшуда дар марказҳои мубориза бо касалии БПНМ ҳангоми издивоҷ дар бораи бемориаш хабар намедиҳад», - иброз дошт ӯ.

Ҳамчунин Раҳматуллоев гуфт, мутобиқи моддаи 15 Кодекси оилаи ҶТ, ба шахсони сироятёфта аз ВИЧ бо хомӯшӣ ба издивоҷ имкон дода мешавад, зеро меъёри ҳуқуқии манъкунӣ ё иҷозатдиҳии ин амал вуҷуд надорад, вале дар  моддаи 125-и Кодекси ҷиноии ҶТ барои сирояткунӣ бо ангезандаи ВИЧ ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ шудааст. Ҳамин тариқ, механизми идивоҷи шахсони аз ВИЧ сироятёфта мушаххасан ва ҳамаҷониба танзим нашудааст.

Мутобиқи қоидаҳои муоинаи тиббии ҳатмӣ, ки қабулаш дар кишвар ба сифати санади зерқонун пешниҳод мешавад, он аз муоинаи табиби оилавӣ ва мутахассисони соҳавӣ ва ҳамчунин супурдани ташхисҳои лабораторӣ иборат буда, арзиши ташхисҳо тибқи номгӯи нархҳои аз ҷониби ҳукумат тасдиқшуда 63 сомонӣ барои ҳар як кас муқаррар шудааст.  

Намояндаи Вазорати тандурустӣ ҳамчунин зикр кард, ки барои асос ба лоиҳаи тағийроту илова ба қонун «Дар бораи ҳифзи солимии аҳолӣ» ишора мешавад, ки агар аҳолӣ аз ҳуқуқҳои худ истифода набарад, ҳукумат ваколатҳои худро истифода намуда, аҳолиро уҳдадор месозад, ки пеш аз никоҳ аз муоинаи тиббӣ гузарад.

Дар қоидаҳо ҳамчунин қайд мешавад, ки дар сурати ошкор шудани бемориҳои сифилис (оташак), шакли сирояткунандаи сил, бемориҳои рӯҳи, нашъамандӣ ва дигар бемориҳо аз ҷониби табиби соҳавӣ, шахси муоинашуда ба табобат фиристода мешавад. Пас аз табобат муоинаи такрорӣ гузаронида мешавад. Шумори муоинаҳои такрорӣ маҳдудият надорад.

Ҳамин тариқ, агар пешниҳоди Вазорати тандурустӣ ба инобат гирифта шавад, дар сурати қабули қоидаҳо ва тағйиру илова дар бораи гузаштан аз муоинаи ҳатмии тиббӣ, ҳатто зимни розигии тарафи дуюм, шахсони сироятёфта аз ВИЧ ба издивоҷ дар Тоҷикистон дигар имкон ёфта наметавонанд, чунки ин вирус алҳол табобатнашаванда аст.