Бо қарори раиси вилояти Суғд, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ва беҳгардонии сатҳи зиндагии аҳолии эҳтиёҷманд, ҳалли масоили гуногуни иҷтимоидошта, инчунин дастгирии моддии шаҳрвандон, Фонди хайрияи Шӯъбаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таъсис дода мешавад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, Фонди хайрияи ба хотири ҷалби захираҳои иловагии молиявӣ ҷиҳати ҳаллу фасл намудани масъалаҳои гуногуни иҷтимоӣ, боз ҳам мустаҳкам кардани заминаҳои моддию техникии муассисаҳои аз буҷети вилоят маблағгузоришаванда ташкил мегардад.

Гуфта мешавад, захираҳои Фонд ҳамчунин ба дастгирии модии шаҳрвандони камбизоат, яккаву танҳо, маъюб, собиқадорони ҷангу меҳнат ва ғайраҳо равона хоҳад шуд.