Рӯзи 22 июн Шӯрои  директорони  Бонки  ҷаҳонӣ (БҶ)  маблағгузории иловагиро дар ҳаҷми 10 млн. доллари ИМА аз ҳисоби Ассотсиатсияи байналмилалии рушд барои Лоиҳаи такмили хизматгузориҳои бахши тандурустии Тоҷикистон маъқул шуморид.

Лоиҳаи мазкур аз моҳи августи соли 2013 мавриди амалишавӣ қарор дошта, барои афзоиши сатҳи фарогирӣ ва беҳбуди сифати хизматгузориҳои асосии кумаки аввалияти тиббӣ дар Тоҷикистон нигаронида шудааст.

Бино ба маълумоти намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, ин лоиҳа ҳамчунин ба беҳбуди вазъи солимии модарону кӯдакон тавассути санҷиши методи маблағгузорӣ бар асоси натиҷаҳои фаъолият низ равона шудааст, ки дар доираи он ба муассисаҳои тиббии деҳот ҷиҳати афзоиши сатҳи фарогирӣ ва беҳбуди сифати хизматгузориҳои асосии кумаки аввалияти тиббӣ маблағҳои ҳавасмандкунӣ пардохта мешаванд.

Зимнан зикр гардид, ки Лоиҳаи такмили хизматгузориҳои бахши тандурустии Тоҷикистон айни замон дар ҳашт ноҳияи вилоятҳои Хатлону Суғд бо фарогирии 314 муассисаҳои бахши тандурустӣ ва ҳудуди 1,86 млн. нафар аҳолӣ амалӣ мешавад.