Анонс

- Сафари котиби кумитаи ҳизбии музофоти Хэнани Ҷумҳурии Мардумии Чин Гуо Гэнмао ба Тоҷикистон идома меёбад;

- Боздиди ҳайати Ассамблеяи парлумонии НАТО аз Тоҷикистон давом мекунад.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  6.2602 сомонӣ;

1 евро – 7.0934 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1200 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

2004 – Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ тағйирот ба Кодекси андозро қабул кард, ки мутобиқи он, нашриёт ва паҳнкунандагони ВАО-и чопӣ аз андоз аз арзиши изофа озод карда шуданд.

2009 — Дар Душанбе яке аз роҳбарони ҳаракати динии «Салафия» Мулло Сироҷиддин ва 40 нафар ҳаммаслакони ӯ боздошт шуданд.

2014 — Суди иқтисодии вилояти Хатлон дар бораи ғайриҳаққонӣ эътироф гардидани муомилоти хариду фурӯши корхонаи «ТоҷикАзот» қарор қабул кард.

1946 – Зодрӯзи олими шарқшинос, узви вобастаи Академияи улум, Арбоби шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Ҷӯрабек Назриев.

1949 – Мавлуди журналисти фелетонннавис, дорандаи Ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ Ҳабибулло Ёров.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +20+25, рӯзона +36+41, дар доманакӯҳҳо шабона +12+17, рӯзона +29+34.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои ҷудогонаи доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +19+24.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои ҷудогона борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +7+12, рӯзона +22+27; дар шарқ шабона -1+4, рӯзона +10+15.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои ҷудогонаи доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.    

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +33+38, дар доманакӯҳҳо шабона +12+17, рӯзона +23+28. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +36+38.

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +37+39.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +23+25.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +34+36.